ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Бар асари даргириии мусаллаҳона миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар вулусволии Ҷурми вилояти Бадахшон, даҳҳо нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо ҷангиёни тоҷик ҳам ҳастанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Дар миёни кушташудагони даргириҳои рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар вулусволии Ҷурм, ҳашт тан аз ҷанҷӯёни хориҷӣ ҳам буданд, ки аксарашон аз Тоҷикистон ҳастанд, иброз доштааст оқои Сахидод, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшони Афғонистон.
"Теъдоди бисту ҳафт тан аз ҷангиёни тундрав кушта шуданд, аз ҷумла ҳашт танашон хориҷӣ аст. Дар байни ин кушташудаҳо чаҳор тан аз фармондеҳонашон шомил мебошанд. Гузориши дақиқе гирифтаем, як теъдоди кушташудагон атбои Тоҷикистон ҳастанд",- афзуд сухангӯ.
Аз сӯи дигар, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Гулмуҳаммади Бедор ба бахши форсии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки Умар Ал-Усмон, фармондеҳи ба гуфтаи ӯ "Толибони Тоҷикӣ", дар миёни кушташудагон аст.
Зимнан, мақомоти амниятии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, ки ҷангиёни тоҷик аз роҳҳои Ишкошим ва Шуғнон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ба Афғонистон ворид мешаванд.