“Толибон” 12 корманди бандари Шерхонро рабудааст

© Sputnik / Дмитрий ДонскойМинтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷунбиши “Толибон” дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистону Тоҷикистон фаъолияти низомиашро тақвият дода, кормандони нуқтаи назоратии наздик ба марзи ҷумҳуриро дуздидааст.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Шоми чоршанбеи гузашта 12 корманди нуқтаи назоратии гузаргоҳи бандари Шерхон аз ҷониби "Толибон" рабуда шуд, менависад Khamma Press.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, котиби пулиси вулусволии Қундуз далели рабуда шудани намояндагони бандарро тайид кард.

"Пулис аллакай амалиёти вижаро барои озод кардани гаравгонҳо оғоз кард",-афзуд оқои Ҳусайнӣ.

Аммо то ҳанӯз дар ин бора ҳаракати "Толибон" чизе нагуфтааст.

Нуқтаи назоратии гузаргоҳи бандари Шерхон дар наздикии соҳили рӯди Панҷ, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷойгир буда, масири аслии интиқоли молу коло ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад.

Манбаъ мегӯяд, минтақаи Қундуз дар шимоли Афғонистон маконест, ки тайи моҳҳои ахир фаъолияти ҳаракату созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла Толибон рӯ ба афзоиш дорад.

Мақомоти Тоҷикистон ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистонро то ҳол шарҳ надодаанд.    

Лентаи хабарҳо
0