Хушқадам Хусравов – қаҳрамони нави дзюдои Тоҷикистон

© Sputnik / Василий Пономарев / Гузариш ба медиабонкМусобиқаи самбо. Акс аз бойгонӣ
Мусобиқаи самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, зӯртарин гуштигирон ширкат доштанд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд, ғолибонро аз рӯи ҳафт вазн муайян кард, менависад Кумитаи миллии олимпӣ.

Хушқадам Хусравов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгари тоҷик дар Ҷоми олии ҷаҳонии самбо барандаи медали тилло шуд

Шаш нафар — Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кг), Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фахризода (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов (то 81 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг), ки ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, аз шаҳри Душанбе мебошанд, иттилоъ додааст "Радиои Озодӣ".

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки вилояти Суғдро намояндагӣ кард, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай дар даври ниҳоӣ бар Фарҳод Сафаралиев дастболо шуд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов, ки то кунун танҳо дар мусобиқоти гуштии самбо иштирок мекард, бори аввал дар қаҳрамонии дзюдои кишвар ширкат варзида, дар вазни то 60 кило дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Озод Эмомов ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Ин пирӯзӣ ба ӯ имкон медиҳад дар мусобиқоти мухталифи байналмилалии дзюдо, ки навъи олимпист, низ иштирок кунад.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Вазифаи аслии гуштигирони тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба  Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.

Лентаи хабарҳо
0