Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди бунёди "Муҷассамаи модар"-ро кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баробари пешниҳодаш дар бораи "Муҷассамаи модар", аз шеваи либоспӯшии занон, ҳиҷоб ва ҳузури ҷавонони тоҷик дар Ироқу Сурия интиқод кард.

ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, дар шаҳри Душанбе "Муҷассамаи модар" бунёд шавад, менависад сомонаи расмии президент.

Вай ки 6 март дар "Кохи Борбад" бахшида ба Рӯзи модар сухан мегуфт, таъкид кард, ҳадаф аз бунёди муҷассама "ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон аст".

Ӯ дар оғози суханронии худ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар ниҳодҳои давлатӣ беш аз 8 ҳазор зан фаъолият доранд, ки 500 нафарашон дар мақомҳои роҳбарӣ мебошанд. Вале Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз бетаваҷҷӯҳии баъзе аз модарон нисбат ба тақдири фарзандонашон интиқод кард ва аз занон хост, ба тарзи либоспӯшии худ низ аҳамият диҳанд.

"Иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд. Қисми дигари фарзандон бо ҳамин сабабҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ҳамроҳ шуда, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд ва аллакай даҳҳо нафари онҳо дар хоки бегона ба ҳалокат расидаанд", — изҳор доштааст президент.

Раисҷумҳур дар ин сӯҳбат аз сураҳои Қуръон ҳам ёдоварӣ карда ва ин суолро дар миён гузошт, ки "оё модарон ва худи ин афроди гумроҳ намедонанд, ки ҷойи чунин ҷавонон дӯзах аст? Намедонанд, ки давлатҳои Сурияву Ироқ кишвари мусулмонҳо мебошанд ва аксари одамоне, ки ҳар рӯз қурбон мешаванд, мусулмонанд?"

Ӯ аз майли занҳои тоҷик ба пӯшидани "либосҳои ғайр" низ интиқод кард. Президент Раҳмон гуфт, "мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд."

Раиси ҷумҳур бовар дорад, агар бархе ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо кардаанд, "баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд."

"Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад",-таъкид кард ӯ.

Президент Раҳмон дар идома ба масъалаи ташхиси пеш аз никоҳи ҷавонон низ таъкид кард. Вай гуфт, таҳлилҳо нишон додаанд, аз муоинаи тиббӣ нагузаштани ҷавонон яке аз иллатҳои азҳампошии хонаводаҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз таҷрубаи чанд иёлати Амрико, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Русия мисол овард, ки дар солҳои гузашта ба қонунҳои худ тағйирот ворид карда, пеш аз издивоҷ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро ҷорӣ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0