Вай гуфт "Рафтем!..."

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкЮрий Гагарин. Акс аз бойгонӣ
Юрий Гагарин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи байналмиллалии парвози инсон ба кайҳон 8 апрели соли 2011 дар ҷаласаи 65-уми Ҷаласаи кулли СММ эълом шудааст. Дар ин рӯз дар соли 1961 мушакандоз ба фазои кайҳонии назди замин кишти кайҳонии "Восток" бо нахустин кайҳоннаварди Замин - шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагаринро ба кайҳон баровард.

Баъд аз анҷоми як даври парвоз дар фазои Замин таҷҳизоти фурудоии кишти кайҳонӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба замин баргашт. Дар баландии чанд километр аз Замин кайҳоннавард худро аз таҷҳизоти фурудоӣ берун овард ва бо чатр дар қаламрави вилояти Саратов фуруд омад. Парвози кайҳонӣ 108 дақиқа тӯл кашид. Нахустин парвози кайҳониро Сергей Королев, Анатолий Кириллов, Леонид Воскресенский раҳбарӣ карданд.

Дар солҳои баъд аз парвози нахустини кайҳонии Юрий Гагарин беш аз 500 нафар аз ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ба кайҳон парвоз кардаанд.

Нахустин аз нахустинҳо

Шашуми августи соли 1961 киштии кайҳонии "Восток 2" бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. Парвози вай беш аз як шабонарӯз давом дошт. 11 ва 12 августи соли 1962 тавассути киштиҳои "Восток 3" ва "Восток 4" Андриян Николаев ва Павел Попович ва 16 июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвоз карданд.

Қадами дигарӣ дар рушди кайҳоннавардии ватанӣ тавлиди кишти кайҳонии чандҷойии "Восток" дар соли 1964 буд. Кайҳоннавардони ин киштӣ дар ҷузъи бозгашт бидуни либоси вижаи кайҳонӣ менишастанд.

18 марти соли 1965 кишти кайҳонии "Восток 2" парвоз кард, ки дар он тағйироти сохторӣ барои берун омадани кайҳоннавард ба кайҳон фароҳам шуда буд. Дар ин парвоз кайҳоннавард Алексей Леонов барои бори нахуст дар ҷаҳон ба фазои озоди кайҳонӣ баромад. Вай тӯли 12 дақиқа дар фазои озоди кайҳонӣ қарор дошт.

Дар моҳи январи соли 1969 ҳангоми парвози киштии кайҳонии "Союз 4" ва "Союз 5" барои бори нахуст пойгоҳи кайҳонӣ таъсис дода шуд, ки иқдоми муҳим барои роҳандозии парвози ҳайъатҳои дарозмуддати кайҳонӣ шуд.

21 июли соли 1969 инсон барои бори нахуст болои Моҳ фуруд омад. Ин шахс Нил Армстронг, раҳбари киштии кайҳонии амрикоии "Апполон 11" буд.

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкҲайати экипажи киштии кайҳонии "Аполлон-11"-и ИМА
Экипаж американского космического корабля Аполлон-11 - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати экипажи киштии кайҳонии "Аполлон-11"-и ИМА

Пойгоҳи кайҳонии "Мир"

Дар соли 1975 парвози муштараки киштиҳои "Союз" ва "Апполон" оғози ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар арсаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ ба манзури сулҳ шуд.

Дар моҳи феврали соли 1986 ба фазо ҷузъи пойгоҳи кайҳонии "Мир" бароварда шуд. Он замон рекордҳои ҷаҳонии ҳузури инсон дар кайҳон гузошта шуд: Владимир Титов ва Мусо Манаров — 366 шабонарӯз, Валерий Поляков — 438 шабонарӯз.

Ним аср пеш аз ин инсон барои аввалин бор ба фазои бози кайҳон баромад

 

Дар пойгоҳи "Мир" миқдори зиёди пажӯҳишҳо ва таҳқиқот дар бахшҳои маъмулии кайҳоннавардӣ ва чанд барномаҳои байналмиллалӣ анҷом дода шуданд. Дар маҷмӯъ дар пойгоҳи "Мир" 104 кайҳоннавард аз 12 кишвар, аз ҷумла аз ИМА, Фаронса, Олмон, Сурия, Ҷопон, Бритониё, Австрия, Канада ҳузур доштанд.

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкНусхаи барқароршудаи акс аз дастгоҳи кайҳонии "Мир"
Репродукция с фотографии орбитальной станции Мир - Sputnik Тоҷикистон
Нусхаи барқароршудаи акс аз дастгоҳи кайҳонии "Мир"

Давомнокии бидуни таваққуфи инсон дар дохили пойгоҳи "Мир" 3641 шабонарӯз буд. Пойгоҳи "Мир" 23 марти соли 2001 аз фазои кайҳонӣ пойин оварда шуда дар уқёнуси Ором ғарқ шуд.

Аз Лайка то Марс Марса…

Дар моҳи ноябри соли 1998 бо парвози ҷузъи борбари "Заря" дар фазои кайҳонии назди заминӣ таъсиси пойгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ (ПБК) оғоз шуд.

Дуввуми ноябри соли 2000 тавассути киштии кайҳонии "Союз ТМ 31" ба ПБК нахустин ҳайъати кайҳоннавардон ба раҳбарии Уилям Шеперд (ИМА) ворид шуданд. Аз ин рӯз ПБК маҳалли доимии фаъолиятҳои инсон шуд. Дар дохили он ба навбат тӯли моҳҳо ҳайъатҳои аслии кайҳоннавардон фаъолият доштанд, ки миёни онҳо кайҳоннавардони русӣ ва амрикоӣ буданд.

… Дар моҳи феврали соли 2013 амрикоии итолиёвитабор, мудири ширкати Wilshire Associates Деннис Тито, ки соли 2001 нахустин туристи кайҳонӣ дар ПБК буд, дар бораи таъсиси созмони Inspiration Mars Foundation хабар дод, ки ҳадафаш роҳандозии "сафари таърихӣ ба Миррих ва баръакс" дар соли 2018 аст.

Ин мо ҳоло ҳадафи Миррихро дорем, ҳарчанд кайҳонро нахустин инсон касб накардааст, онҳо ба кайҳон аз пайи дӯстони инсон омадаанд.

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкФизиолог Ада Котовская ҳангоми омодасозии саги Лайка ба парвози кайҳонӣ тавассути парвози мушаки маснуъии Замин. Парвоз 3 ноябри соли 1957 сурат гирифта буд.
1/6
Физиолог Ада Котовская ҳангоми омодасозии саги Лайка ба парвози кайҳонӣ тавассути парвози мушаки маснуъии Замин. Парвоз 3 ноябри соли 1957 сурат гирифта буд.
© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкЛайка дар дохили мушак
2/6
Лайка дар дохили мушак
© Sputnik / Е. Кассин / Гузариш ба медиабонкСагҳои "Дамка " ва "Козявка" қабл аз парвоз ба кайҳон.
3/6
Сагҳои "Дамка " ва "Козявка" қабл аз парвоз ба кайҳон.
© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкПизишкон сагҳои озмоиширо аз дохили киштии кайҳонӣ берун меоваранд.
4/6
Пизишкон сагҳои озмоиширо аз дохили киштии кайҳонӣ берун меоваранд.
© NASA4 декабри соли 1959 маймуни Сэм барои нахустин бор тавассути ҷузъи киштии "Меркурий" озими сафари кайҳонии НАСА ҳамроҳ бо Литл Ҷо 2 шуд.
5/6
4 декабри соли 1959 маймуни Сэм барои нахустин бор тавассути ҷузъи киштии "Меркурий" озими сафари кайҳонии НАСА ҳамроҳ бо Литл Ҷо 2 шуд.
© NASAХэм 31 январи соли 1961 озими кайҳон шуд ва нахустин иқдоми парвози кайҳоннаварди амрикоӣ Алан Шепард буд.
6/6
Хэм 31 январи соли 1961 озими кайҳон шуд ва нахустин иқдоми парвози кайҳоннаварди амрикоӣ Алан Шепард буд.
1/6
Физиолог Ада Котовская ҳангоми омодасозии саги Лайка ба парвози кайҳонӣ тавассути парвози мушаки маснуъии Замин. Парвоз 3 ноябри соли 1957 сурат гирифта буд.
2/6
Лайка дар дохили мушак
3/6
Сагҳои "Дамка " ва "Козявка" қабл аз парвоз ба кайҳон.
4/6
Пизишкон сагҳои озмоиширо аз дохили киштии кайҳонӣ берун меоваранд.
5/6
4 декабри соли 1959 маймуни Сэм барои нахустин бор тавассути ҷузъи киштии "Меркурий" озими сафари кайҳонии НАСА ҳамроҳ бо Литл Ҷо 2 шуд.
6/6
Хэм 31 январи соли 1961 озими кайҳон шуд ва нахустин иқдоми парвози кайҳоннаварди амрикоӣ Алан Шепард буд.
Лентаи хабарҳо
0