https://sputnik.tj/20150318/1014834294.html
Ним аср пеш аз ин инсон барои аввалин бор ба фазои бози кайҳон баромад
Ним аср пеш аз ин инсон барои аввалин бор ба фазои бози кайҳон баромад
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонӣ ва шуҷоати кайҳоннавард Алексей Леонов исбот кард, ки инсон имконияти анҷом додани амалҳои зиёдеро дар шароити бози кайҳон дорад. 18.03.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-03-18T15:07+0500
2015-03-18T15:07+0500
2015-03-18T15:10+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101483/18/1014831858_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_5600bdc803eab6a223e8757dbba7d263.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, ҳамаи хабарҳо
Ним аср пеш аз ин инсон барои аввалин бор ба фазои бози кайҳон баромад
15:07 18.03.2015 (Навсозишуда: 15:10 18.03.2015) Қаҳрамонӣ ва шуҷоати кайҳоннавард Алексей Леонов исбот кард, ки инсон имконияти анҷом додани амалҳои зиёдеро дар шароити бози кайҳон дорад.
Имрӯз ба баромадани одам ба фазои кушоди кайҳон расо 50 сол пур мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 18 марти соли 1965 кайҳоннаварди шӯравӣ Алексей Леонов ба фазои бози кайҳон баромада, 12 дақиқа "сайругашт" кард.

Кайҳоннаварди шӯравӣ дар фазои кайҳон 12 дақиқаву 9 сония меистад. Акс аз экрани телевизион гирифта шудааст. Акси барқароршуда аст.

Халабон-кайҳоннаварди ИҶШС Алексей Леонов барои аввалин бор ба фазои бози кайҳон баромад.Бозгашти кайҳоннавард ба киштии «Восход-2» пас аз чанд дақиқа мушкил шуд.

Кайҳоннаварди ИҶШС, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аснои ширкат дар конфронси матбуотӣ. Ӯ дастпӯшакеро ба ҳозирин нишон дод, ки 40 сол аз он пеш дар киштии кайҳонӣ ҳамроҳаш буд.

Машқу тамрини кайҳоннавардон дар маркази таълимии ба номи Ю.А.Гагарин дар шаҳраки Ситораҳо (Звёздний городок)

Кайҳоннаварди шӯравӣ Владимир Ҷонибеков аснои баромаданаш ба фазои бози кайҳон. 25 июли соли 1984.

Барои эҳтиёт кайҳоннавардон бо ягон асбоб бо киштии кайҳонӣ худро пайваст мекарданд, то дар фазои боз "парвоз" карда дур нараванд. Кайҳоннаварди НАСА Брюс МакКэндлесс II дар соли 1984 нахустин нафаре буд, ки бе ягон пайваст бо киштӣ ба фазои боз баромад.

Кайҳоннавард-ситорашинос Стивен К. Робинсон дар фазои бози кайҳон. Соли 2005.