ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон нигаронкунанда аст, вале омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд мебошад, изҳор дошт ба хабарнигорон сухангӯйи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ Владимир Зайнетдинов, хабар медиҳад CA-News.
Дирӯз ҷаласаи Комитети низомии СПАД дар Қайроққум анҷом ёфт ва дар поёни кори он вай чунин изҳорот дод.
"Вазъият дар Афғонистон воқеъан нигаронкунанда аст ва он мутташаниҷтар мешавад. Боъиси нигаронӣ аст, ки дар он ҷо ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" фаъолтар мешаванду таблиғгарони "Давлати исломӣ" пайдо шуда ҷонибдорони худро сарҷамъ мекунанд", — гуфт Зайнетдинов.
Ҳамзамон, дар посух ба ин суол, ки омодагии артиши Тоҷикистон дар сурати рух додани вазъи изтирорӣ чӣ гуна аст, вай зикр кард, ки "омодагии артиш хеле баланд аст".
Дар ҷаласаи Комитети низомии СПАД намояндагони вазоратхонаҳои дифоъи кишварҳои узв таҳдидҳо дар манотиқи амнияти дастиҷамъиро баррасӣ карданд.
Феълан Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия узви ин созмон мебошанд. Афғонистон ва Сербистон мақоми нозир дар ин созмонро доранд.