Панҷ узви “Ҳизби таҳрир” дар Хуҷанд зиндонӣ шуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкДодгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Хуҷанд панҷ узви созмони мамнуъшудаи “Ҳизби таҳрир”-ро дубора ба зиндон фиристод. Мақомот мегӯянд, ин афрод дар сӯҳбатҳои худ “амир”-и гурӯҳашонро “бобо” ва “ҳизби таҳрир”-ро “корхона” ном мебурдаанд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Панҷ узви собиқи "Ҳизби таҳрир" — яке аз маркази Суғд ва дуи дигар аз Исфараю Чкалов, аз сӯи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз 3 то 3.5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек гурӯҳи занонаи “Ҳизб-ут-Таҳрир” маҳв шуд

Манбаи "Озодӣ" дар додгоҳ гуфтааст, ин афрод дар солҳои 2001-2002 низ ба ҷурми узвият дар ин созмони мамнӯи динӣ боздошт ва зиндонӣ шуда, охиринашон ҳамагӣ шаш соли пеш раҳо шудааст.

Ба қавли манбаи радио, ин панҷ нафар соли 2013 дубора бо якдигар вохӯрда, барои "ҷоннок" кардани фаъолияташон дар "Ҳизби таҳрир" маслиҳат намудаанд.

"Онҳо барои пинҳон доштани асрори худ раҳбар ё "амир"-ашонро "бобо" ва "Ҳизби таҳрир"-ро "фирма" ё "корхона" хитоб мекардаанд", — гуфтааст манбаи радио.

Аъзои ин гурӯҳ моҳи ноябри соли 2014 аз сӯи маъмурони пулиси Суғд боздошт шудаанд. Додгоҳи Хуҷанд онҳоро бар асоси банди 207, иловаи 2, яъне "иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ" айбдор дониста ва раҳбарашонро ба 3.5 сол ва боқимондаҳоро ба 3 солӣ маҳкум ба ҳабс кард.

Бино ба ҳукмномаи додгоҳи Хуҷанд, ин афрод аз 35 то 42 сол дошта, раҳбари гурӯҳ дорои маълумоти олии тиббӣ будааст. Яке дигар ронанда буда, боқимондаҳо ихтисосе надоштаанд. Замони боздошт онҳо дар ҷое кор намекардаанд. Ҳамагӣ оиладор будаанд.

"Ҳизби таҳрир" аз ҷумлаи созмонҳоест, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ буда, ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0