ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Фаъолияти бахши занонаи созмони мамнӯъи тундгарои "Ҳизб-ут-Таҳрир", ки ҷавононро таблиғ мекард, дар Бишкек маҳв карда шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.
"Ин гурӯҳ ғайриқонунӣ ва ба сурати махфӣ умури таблиғотӣ ва ҷалбсозиро дар миёни ҷавонони донишомӯз анҷом медод ва адабиёти тундгароиро бо даъватҳои сарнагунии давлати қонунии ҷумҳурӣ паҳн мекард", — хабар медиҳад маркази матбуотӣ.
Аз аъзои ин гуруҳ адабиёти тундгаро ва зарфиятҳои электронии иттилоот мусодира шуда барои санҷиш ба комиссияи давлатии умури адён ирсол шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи феврал дар Қирғизистон як раҳбари "Ҳизб ут-Таҳрир" Эрмек Аманов боздошт шуда буд, хабар дода буд "МИР 24".
Мақомоти Қирғизистон аз афзоиши теъдоди тундгароҳо дар кишвар хабар медиҳанд.
Тибқи омори расмӣ, дар Сурия ба ҷонибдорӣ аз исломгароён беш аз 200 шаҳрванди ҷумҳурӣ меҷанганд, ки онҳоро созмонҳои байналмиллалии террористӣ ҷалб кардаанд.
Фаъолияти "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва ниҳодҳои интизомӣ ҷонибдорони ин созмони тундгароро пайваста боздошт мекунанд.