Табдили роҳбарияти панҷ шаҳру навоҳии Тоҷикистон

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоҶузвдон
Ҷузвдон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як қатор фармонҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони 5 шаҳру навоҳӣ иваз шуданд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Президенти Тоҷики рӯзи 9 апрел раисони бархе навоҳӣ ва шаҳрҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд ва ба ҷои онҳо афрорди дигарро таъин кард, хабар медиҳад сомонаи расмии раисҷумҳур.

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон тайи як фармон раиси ноҳияи Файзобод Имомназар Каримиёнро барканор ва Миралӣ Раҷабзодаро, ки то ин замон раиси шаҳри Норак буд, ба ҷои ӯ таъин кард.

Ҳамчунин Саидмурод Тағозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод шуда ва дар иваз Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия шудааст.

Тибқи як фармони дигари президент, Фатҳулло Ҳурматов ба ҷои Раҷабзода Миралӣ раиси шаҳри Норак таъин карда шудааст. Ҳамин тавр, Бобоалӣ Табарзода аз вазифаи раисии шаҳри Турсунзода озод ва Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин гардидааст.

Ҳамчунин Маҷидӣ Мӯҳтадӣ Хайрулло, аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод кард шуд ва дар ҷои ӯ Ориф Хоҷаев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0