ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба далели камзаминӣ ва махориҷи зиёди ҳифзи ҳар як ҳектор замини обӣ шояд барои худ ҳадаф нагузорад, ки таъмини комили худӣ бо ғизоро дошта бошад, омадааст дар гузориши СММ "Рушди инсонӣ дар Тоҷикистон 2014".
Коршиносони СММ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон набояд ҳадаф гузорад, ки аз воридоти бархе аз анвои ғизо даст кашад ва ин кишвар метавонад бархе аз ғизо, ба унвони мисол, ғалладонаро идома бидиҳад.
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки миқдори маҳдуди заминаш барои кишоварзӣ ва тавлиди ғизо мувофиқ аст — 93% қаламрави кишвар кӯҳистон асту барои кишоварзӣ мувофиқ нест.
Чунин вазъ имкон намедиҳад, ки кишвар комилан аз воридот даст кашад, вале имкони коҳиши андаки он вуҷуд дорад.
"Таҷрибаи воридоти ғизо, ба унвони мисол, ғалладона, ба ин маънист, ки харидории он бо қимматҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад, вале ташкили воридоти он ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст ва хатаре вуҷуд дорад, ки воридоти он бо мушкилоте рӯбарӯ хоҳад шуд", — зикр шудааст дар гузориш.
Дар робита ба қимматҳои ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки бо дарназардошти рушди тавлиди маводди сӯхтӣ аз растанӣ ва талаботи дар ҳоли афзоиш ба он аз сӯйи кишварҳои дар ҳоли рушд, назири Ҳинд ва Чин, далоиле вуҷуд надорад, ки дар солҳои наздик арзиши ғалладона андаке ҳам бошад коҳиш меёбад.
Дар гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон машварат дода шудааст, ки наҳваи қонунӣ барои дастрасии мардум ба ғизои ҳирфаиро таҳия карда ва муқарраротеро барои таъсиси низоми шаффоф ва рақобатноки воридоти ғизоро роҳандозӣ кунад.
Роҳандозии имтиёзоти андозӣ ва гумрукӣ барои воридоти ғизо низ метавонанд дастрасӣ ба ҳадафи таъмини амнияти ғизоиро содда кунанд.
Ба навиштаи таҳлилгарон, вазъи ногувори захойири замин дар Тоҷикистон вазъро душвортар месозад.
Дар пайи равандҳои бадшавии вазъи замин, шӯрзадагӣ ва ботлоқшавии он аз соли 1997 масоҳати замини кишоварзӣ 3,2% коҳиш ёфта ҳамасола беш аз 5 ҳазор ҳектор замини обӣ коркард намешаванд. Рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистон (то 2% дар сол) дар оянда метавонад ба бурузи мушкилот мунҷар шавад, ки ба коҳиши масоҳати замин ба ҳар як сари аҳолӣ ва кам шудани масоҳати ҷангалҳо ва анвои растанӣ боъис мешавад.
Дар воридоти Тоҷикистон анвои ғизоӣ бештар аст. Ба кишвар умдатан аз анвои ғизоӣ шакар (Украина, Русия, Қазоқистон, Эрон), орд ва ғалла (Қазоқистон), маҳсулоти ширӣ, макаронӣ, равғани растанӣ, ҳасибҳо (Русия, Украина) ва ғайра ворид мешаванд. Ахиран Тоҷикистон воридоти тавлидоти кишоварзиро аз Чин ва Покистон, умдатан мева (себ ва нок) ва картошкаро оғоз кард. Ин амр ба далели арзони ин маҳсулот ҳатто бо дарназардошти махориҷи интиқоли онҳо ва то дер ҳифз кардани намудаш сурат мегирад.