ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Аз миёни 43 ҷуфти ҷавон, ки дар шаҳри Кӯлоб қабл аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд, ошкор шудааст, ки як ҷуфт пайванди хешутаборӣ доштаанд, менависад "Радиои Озодӣ".
Ҷамила Розиқова, як масъули ЗАГС-и шаҳри Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 8 апрел ба "Озодӣ" гуфтааст, муддати як моҳи ахир ташхиси тиббии 43 ҷуфти ҷавон, ки қасди издивоҷро доштанд, сурат гирифт ва дар натиҷа ба як ҷуфт иҷозаи издивоҷ дода нашуд.
Ба гуфтаи хонум Розиқова, ин ҷуфти ҷавон пайвандии хешу таборӣ доштанд ва хунашон ба ҳам мувофиқат доштааст ва ба ин далел ба онҳо иҷозаи издивоҷ дода нашудааст. Табибон мегӯянд, издивоҷҳои хешутаборӣ, пеш аз ҳама аз назари таваллуди фарзанди ноқис хатар дорад.
Ташхиси тиббии қабл аз издивоҷ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки иддае аз сокинон ба ин иқдоми идораи ЗАГС ва дигар ниҳодҳои марбута мухолифат нишон дода ва онро муғойир ба қонун хонданд.
"Дар ҳақиқат пас аз ироаи паёми раиси ҷумҳур ҷанбаъҳои қонунии ин амр баррасӣ шуда ва бар асосии банди Кодекси оилаи Тоҷикистон, муддати як моҳи ахир ташхиси қабл аз издивоҷ миёни ҷавононе, ки мехоҳанд бо ҳам хонавода бунёд кунанд, анҷом мешавад", — гуфтааст Розиқова.
Вай таъкид кардааст, ки дар аввал бисёре аз сокинон ба ин иқдоми ниҳодҳои давлатӣ зиддият нишон доданд, аммо пас аз фаҳмондадиҳӣ худашон моил шудаанд, то ташхиси қабл аз издивоҷро анҷом бидиҳанд.
Ба ин тартиб, масъулони ЗАГС-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, минбаъд низ ташхиси қабл аз издивоҷ миёни ҷавононе, ки мехоҳанд оила бунёд кунанд, сурат мегирад ва "умед аст, ки сокинон ва худи ҷавонон ин амрро дуруст дарк хоҳанд кард."
Баҳси манъи никоҳи хешу таборӣ ва ҳатто таҳияи тарҳи қонун дар ин замина ду сол қабл аз ҷониби Саодат Амиршоева, вакили вақти парлумони Тоҷикистон ба миён омада буд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ зимни ироаи паёми худ ба парлумон бори дигар ин мавзӯъро матраҳ кард ва ин аст, ки ҳамакнун ба манзури ҷилавгирӣ аз ин кор, ташхиси қабл аз издивоҷ миёни ҷавононе, ки бо ҳам оила бунёд мекунанд, сари забонҳост.
Замоне, ки Саодат Амиршоева "манъи никоҳи хешу таборӣ"-ро матраҳ карда буд, тарафдорон ва мухолифони ин иқдомро ба бор оварда буд. Аммо хонум Амиршоева сабаби пофишории худ ба манъи чунин никоҳҳоро шарҳ дода, гуфт, ки ин як масъалаи иҷтимоист ва ҳадафи асосӣ ҳифзи саломатӣ ва тоза кардани хуни мардуми тоҷик аст.