ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироъаи пайёми худ ба порлумон дастур дод, ки масоили ташхиси ҳатмӣ қабл аз никоҳ баррасӣ шавад, навиштааст хабаргузории "TojNews".
Хабаргузорӣ менависад, ки раҳбари кишвар ба шахсони масъул муроҷиъат карда дастур дод, ки ин мавзӯъ бо мардум машварат шуда хулосаҳо ба ҳукумат пешниҳод шаванд.
Ба иттилоъи раиси ҷумҳур, дар кишвар 18 ҳазор нафари зери 18 сола бо имкониятҳои маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки бештарашон фарзандони муътодони маводди мухаддир ҳастанд ё дар пайи никоҳи миёни хешутабор ба дунё омадаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли 2013 бархе аз вакилони порлумон аз Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии онро бар ӯҳда дорад, пешниҳод мекарданд, ки никоҳ байни пайвандон мамнуъ карда шавад.