Пулиси шаҳри Маскав мардеро дастгир кардааст, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни "Давлати исломӣ" сомона боз карда, дар он наворҳои видеоии мазмунашон ифротгароёнаро ҷой медодааст, бо такя ба расонаҳои русӣ, менависад "Радиои Озодӣ".
Манбаи хабаргузории ТАСС дар раёсати умури дохилии пойтахти Русия гуфтааст, ки ин мард бо нашри наворҳои тарғиботии "Давлати исломӣ" амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва ба гуфтаи ин манбаъ, " мардумро ба фаъолиятҳвои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед месохт".
Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, мубаллиғи боздоштшудаи "Давлати исломӣ" шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба нақли ин расона, ӯро дар кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази тиҷории "Савеловский"-и шаҳри Маскав дастгир кардаанд.
Исми ин шаҳрванд ва ҳам номи сомонае, ки ӯ аз номи ҷангиёни "Давлати исломӣ" мечархонд, зикр нашудааст.
Дар Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 20 нафар бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ё ташвиқу ҷалби дигарон барои пайвастан ба "ҷиҳод" дар Ховари Миёна боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Аммо ин бори нахуст аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо итиҳоми ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи ҷангҷӯ ва он ҳам бо иттиҳоми чархондани сомонаи интернетӣ аз номи ҷангиёни ин гурӯҳ ва таблиғи ақидаҳои онҳо боздошт мешавад.
Додгоҳи олии Русия созмонҳои тундрави "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-Нусра"-ро рӯзи 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф карда, фаъолияти ҳардуро дар қаламрави Русия қонунан манъ кардааст.
Дар ҳамин робита, сомонаи TojNews менависад, як мӯйсафеди 80-солаи тоҷик дар Сурия дар сафи ҷангандаҳои "Давлати исломӣ" шомил аст. Ин сомона менависад, дар бораи мӯйсафед танҳо ин иттилоъ дода шудааст, ки 80 — сола аст ва дар Тоҷикистон кампири 77 — сола дорад. Ному насаб ва сокини кадом минтақаи Тоҷикистон будани ӯ маълум нест. Бино ба иттилои саҳифаи "Танзими давлат" дар Фейсбук, мӯйсафед ҳангоми худоҳофизӣ бо кампираш "дидор ба қиёмат" гуфта рафтааст ва кампир дар ин бора ҳангоми бозпурсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иқрор шудааст.
"Давлати исломӣ" як созмони тундравест, ки дар оғози соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, бо ишғоли қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурия аз таъсиси "хилофати исломӣ" хабар дод. Ҷангиёни ин созмон бо қатлҳои ваҳшиёна, аз ҷумла бо каллабурию зинда ба зинда сӯзондани асирону гаравгонҳо дар сарзаминҳои таҳти назораташон ном баровардаанд. Ин созмон мегӯяд, қасдаш истиқрори "хилофати исломӣ" дар саросари ҷаҳони исломист. Қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар харитаҳои "Давлати исломӣ" ҳамчун бахше аз вилояти "Хуросон" тасвир шудаанд, ки ҳамчунин шарқи Эрон, Афғонистону Покистон ва қисмате аз Ҳиндро дар бар мегирад.