ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. То анҷоми мӯҳлати қабули мавод ба Озмуни байналмиллалии суратгирон ба номи Андрей Стенин, ки аз сӯи ОИБ "Россия сегодня" ва таҳти ҳимояти Комиссияи ФР оид ба ЮНЕСКО баргузор мешавад, бештар аз як ҳафта боқӣ мондааст, омадааст дар иттилоияи оҷонсӣ.
Қабули санад ва аксҳои муддаиён тариқи сомонаи www.stenincontest.ru то 15-уми апрел имконпазир аст. Ба шумори иштирокчиёни озмуни рӯзноманигорони аккоси ҷавон иддае аз хабарнигорон аз Британияи Кабир, Испания, Италия, Зеландияи Нав, Сурия, Фаронса, Озарбойҷон ва Бангладеш пайвастанд. Ҳамин тавр, теъдоди кишварҳое, ки намояндаи онҳо дар озмун иштирок мекунад ба 37-то расид.
То имрӯз ба озмун ҳудуди 1800 мавод ворид шудааст. Шумори зиёди кишварҳои иштирокчӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки озмуни тарҳрезишуда аз ҷониби ОИБ "Россия сегодня" бузургтарин чорабинӣ дар ин сатҳ буда, майдони табодули таҷриба барои аккосони навроҳу таҷрибадор аст. Маросими эътои мукофотҳо 3 июни соли 2015 дар Маскав сурат мегирад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳадафи озмуни мазкур, ки ба номи Андрей Стенин, хабарнигори аккоси ОИБ "Россия сегодня", ки аснои иҷрои рисолати касбӣ дар моҳи августи соли 2014 дар Украина ба ҳалокат расида буд, дастгирии аккосони ҷавон ва кӯмак ба онҳо маҳсуб мешавад.
Озмун ба номи Андрей Стенин, ки дар Оҷонси иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба ҳайси хабарнигор-акксо кор мекард ва аснои иҷрои рисолати касбиаш дар Украина ба ҳалокат расид, номгузорӣ шудааст. Журналисти 33-сола моҳи август дар шарқи Украина ҷон дод.
Аъзоён ва ҳайати доварони озмун ашхосе ҳирфаӣ, амсоли Олга Свиблова, сарвари "Мултимедиа Арт Музей", Юрий Козирев, узви ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии "World Press Photo", роҳбарони бахши аккосии оҷонсиҳои иттилоотии Reuters ва The Associated Press Григорий Дукор ва Дени Пакен мебошанд.