ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Суратгирони ҷавони аз 18 то 34-сола барои ширкат дар озмуни байналмилалии аккосӣ ба номи Андрей Стенин, ки таҳти ҳимояти молии ОИБ "Россия сегодня" ва Комиссиюни ЮНЕСКО баргузор мегардад, даъват мешаванд.
Ҳадафи озмуни мазкур, ки ба номи Андрей Стенин, хабарнигори аккоси ОИБ "Россия сегодня", ки аснои иҷрои рисолати касбӣ дар моҳи августи соли 2014 дар Украина ба ҳалокат расида буд, дастгирии аккосони ҷавон ва кӯмак ба онҳо маҳсуб мешавад.
Озмун ба номи Андрей Стенин, ки дар Оҷонси иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба ҳайси хабарнигор-акксо кор мекард ва аснои иҷрои рисолати касбиаш дар Украина ба ҳалокат расид, номгузорӣ шудааст. Журналисти 33-сола моҳи август дар шарқи Украина ҷон дод.
Қабули санад ва аксҳои муддаиён тариқи сомонаи www.stenincontest.ru аз 2 феврал то 15-уми апрел имконпазир аст. Аъзоён ва ҳайати доварони озмун ашхосе ҳирфаӣ, амсоли Олга Свиблова, сарвари "Мултимедиа Арт Музей", Юрий Козирев, узви ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии "World Press Photo", роҳбарони бахши аккосии оҷонсиҳои иттилоотии Reuters ва The Associated Press Григорий Дукор ва Дени Пакен мебошанд. Натиҷаи озмун дар моҳи июн ҷамъбаст гардида, барандагони ҷоиза рӯзи 3-юми июн дар Маскав эълон хоҳанд шуд.