Садамаи нақлиётӣ дар Челябинск мунҷар ба марги ду тоҷикистонӣ гардид

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин сониҳа бо айби ронандаи мошини боркаш, ки тайи як соли ахир ҳашт маротиба қоидаи ҳаркат дар роҳро нақз кардааст, рух дод.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ дар вилояти Челябински Русия қурбон шуданд, иттилоъ медиҳад сайти минтақавии РВКД.

Сониҳа дар ноҳияи Каслинск, дар километри 107-уми ҷодаи "Роҳ ба Екатеринбург" ба вуқӯъ пайваст. Ронандаи 29-солаи мошини боркаши тамғаи Mercedes-Benz аз қафо ба сабукрави ВАЗ-2107 бархӯрд.

Чароғи шикастаи нақлиёт . Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони ҶТ дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Ленинград осеб диданд

"Дар пайи садама ду мусофири сабукрав, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки яке 28 ва дигаре 41-сола буданд, аз ҷароҳати бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса фавтиданд. Сарнишини ВАЗ ва як мусофири дигар низ ҷароҳати сангин бардоштанд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ному насаби ҳалокшудагон то ҳанӯз эълом нашудааст.

Ба иттилоъи НДБҲР (ГИБДД), ронандаи мошини боркаш, ки бо айби ӯ садамаи нақлиётӣ рух додааст, тайи як сол ҳашт маротиба барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Айни замон оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҳолатҳои рух додани садама мавриди омӯзиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0