ДУШАНБЕ, 24 ноября — Sputnik. Расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки аснои садамаи нақлиётии рӯзи 22 ноябр, дар ҷодаи "Петербург-Псков" 11 тан осеб дидаанд ва миёни эшон шаҳрвандони Тоҷикистон низ мебошанд.
Бархӯрди "Лада Ларгус" таҳти идораи як сокини 35-солаи Петербург ва мусофиркаши тамғаи Volkswagen Transporter таҳти идораи шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон шоми ҳамон рӯз сурат гирифтааст, менависад интернет-газетаи "Водитель Петербурга". Фарзияе мавҷуд ҳаст, ки ронандаи сабукрав аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набарамода сабабгори сар задани сониҳа шудааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи сабукрав бо ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ва ду духтари ӯ, яке 3 ва дигаре 9-сола бо ҷароҳати вазнин ба касалхона интиқол ёфтаанд. Фарзандони ронанда алъон дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ мебошанд.
"Аломатҳои қайди давлатии мусофиркаш дар НДБҲР (ГИБДД) сабт нашудааст. Дар санадҳои расмӣ ронандаи муҳоҷир муваққатан бекор нишон дода шуда, дар ноҳияи Ломаносов ба сар мебарад. Ҳамаи мусофирони дохили микроавтобус муҳоҷирон- шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон буда, бо ҷароҳатҳои гуногун мунтақил ба касалхона шудаанд",- хабар медиҳад оҷонсии "Оперативное прикрытие".
Ҳамзамон, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Назар Мирзода, консули ифтихории ҶТ дар Санкт-Петербург супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҳолатҳои сар задани садама ва рӯйхати ҷабрдидагони тоҷикро муайян кунад.