Ширкати Shaanxi дар Тоҷикистон фаъолият кардан мехоҳад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз ширкатҳои бузургтарини истихроҷи ангишти Чин тасмим дорад муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистонро дарёфт карда, ҷиҳати рушди бахши мазкур дар кишвар миллионҳо доллар сармоягузорӣ намояд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Яке аз ширкатҳои бузургтарини истихроҷи ангишти Чин Shaanxi Coal and Chemical Industry Group Co. Ltd. Қасди дарёфти муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистонро дорад, омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат ва технологияи муосир.

Намояндагони ширкати Shaanxi Coal and Chemical Industry Group Co. Ltd. (Гурӯҳи ширкатҳои коркарди ангишт ва саноати кимиё) ба Тоҷикистон омада, музокироти марбут ба дарёфти фаъолият ва маблағгузории соҳаро оғоз карданд.

Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 65 % афзоиш ёфтааст

Ҳафтаи гузашта мулоқоти нахустини ҳайат бо вазири саноат ва технологияи ҷадиди Тоҷикистон Шавкат Бобозода сурат пазируфт.

"Ширкати чинӣ барои маблағгузории соҳа, ҷалби сармояи ҳангуфт, воридоти технологияи коркарди ангишт ва металҳо, инчунин ворид кардани дигар намуди мошинолоти саноатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард",- иброз медоранд дар вазорат.

Ба ғайр аз ин, ширкати чинӣ пешниҳод кард, ки дар таҷрибаи онҳо дар вақти тарҳрезии барномаҳо ва ҳисобу китоби захоири маъодини ҷумҳурӣ истифода шавад.

"Намояндагони Тоҷикистон аввоили моҳи март ба Чин сафар карда, бо фаъолияти он ширкат аз наздик ошно шуданд, айни ҳол мо барои ҳамкорӣ омодаем. Зимнан, ширкати чинӣ бархе аз мавзеъҳои ангиштдорро дар ҷумҳурӣ меомӯзад ва ба наҳваи дарёти муҷаввизи фаъолият шинос мегардад",- қайд карданд дар Вазорати саноат.

Ба иттилоъи сайти Вазорати саноат ва технологияҳои навини ҶТ ширкати Shaanxi Coal and Chemical Industry Group Co. Ltd. собиқаи 60-солаи кор дар бахши истихроҷи ангишт дар Чинро дорад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ширкат танҳо дар Қирғизистон намояндагӣ дошта, инчунин дар мамолики Аргентина, ИМА ва Австралия фаъолияти корхонаҳои нафткашию коркарди нуриҳои минералиро ба роҳ мондааст. Дар ин кишварҳо ширкат дар умури ҷустуҷӯи геологӣ $1,58 миллиард сармоягузорӣ кардааст.

Тибқи омори ҷамъбастии соли 2014 ширкати чинӣ 127 миллион тонна ангишт, 13,1 миллион тонна ашёи кимиёӣ ва 51,4 миллиард кВт соат барқ истеҳсол кардааст. Ин ширкат ба шумули бузургтарин корхонаҳои коркарду истихроҷи ангишт дар Чин шомил аст.    

Лентаи хабарҳо
0