Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 65 % афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКони ангишт дар вилояти Кемеровои ФР. Акс аз бойгонӣ
Кони ангишт дар вилояти Кемеровои ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби болоравии истеҳсоли ангиштро дар Тоҷикистон ба самаранок набудани истифодаи барқу газ дар саноати кишвар арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шурӯъ аз аввали сол то имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 800 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, менависад оҷонсии Авеста дар истинод ба Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳи ноябри соли равон 116 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. Тайи 11 моҳи соли 2015 бошад, 805 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 318 ҳазор тонна (65 дарсад) бештар аст.

Манбаъ ба оҷонсии хабарӣ гуфтааст, ба сабаби ба кор даромадани МБ "Душанбе-2" ва даст кашидани бархе аз корхонаҳои саноатӣ аз истифодаи неруи барқу газ талаботи ба ангиштсанг зиёд шуд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 160 корхонаи саноатии кишвар ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Теъдоди умумии ширкатҳои истихроҷкунандаи ангишт дар ҷумҳурӣ 18-то мебошад, ки аз онҳо 14-тоаш фаъоланд.

 

Лентаи хабарҳо
0