17 тоҷикистонӣ аз Яман берун бароварда шуданд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ВҲФ Русия. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ВҲФ Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, дар ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар баробари шаҳрвандони он кишвар, 17 тоҷикистонӣ низ хоки Яманро тарк карданд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ, инчунин мисриҳо, ӯрдуниҳо ва либиёгиҳо аз Яман шаби гузашта сурат гирифт, иттилоъ медиҳад оҷонсии Авеста.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод гуфт, 17 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам хоки Яманро ба самти Маскав тарк карданд.Дар ҳавопаймои аввал 167 нафар, аз ҷумла 60 кӯдак қарор доранд. Ин ҳавопаймо дар Қоҳира барои сӯзишворӣ ист карда баъдан шом дар шаҳри Маскав фуруд меояд.

15 шаҳрванди Тоҷикистон дар навбати аввал аз Яман берун оварда мешавад
 

"Баъди ин ҳавопаймо бояд тайёраи дуюм ҳам аз фурудгоҳи Санъо нахуст барои гирифтани сӯзишворӣ ба Ҷибутӣ ва баъд ба Маскав меравад. Ҳарду ҳавопайморо шом дар шаҳри Маскав пешвоз мегиранд",- изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Қодирӣ. 

Аз ин пеш иттилоъ дода шуд, ки дар ҳавопаймои аввали русӣ аз Санъо гурӯҳи аввали 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистон бароварда мешаванд. Эгамзод мегӯяд, ки номнависи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо кӯмаки сафорати Русия бояд берун карда мешаванд, идома дорад. 

Сафоратхонаи Тоҷикистон, ки дар назди он ситоди вижаи кӯмак  ба шаҳрвандонашро дар Яман раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ба маркази зиддибӯҳронии махсуси Вазорати умури хориҷаи Русия рӯйхати пурраи шаҳрвандонашро, ки дар Яман мунтазири кӯмак ҳастанд, ироа кардааст. Дар миёни онҳо асосан ходимони тиб мебошанд, ки тавассути ширкатҳои русӣ барои кор дар муассисаҳои тиббии Яман истихдом шудаанд.

"Шумори ин ходимони тиб тахминан 44 нафар ва ба иловаи аҳли хонаводаашон эҳтимолан то 100 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Русия барои берун баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман ва овардани онҳо ба шаҳри Маскав пурра мувофиқат кардаанд ва онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони худ ва дигар кишварҳое, ки аз Русия чунин дархосте кардаанд, тоҷикистониёнро ҳам берун меоранд»- таъкид кард Муҳаммад Эгамзод.

Берун овардани шаҳрвандон 31 март шурӯъ шуда буд

Айни замон, мақомот эътироф мекунанд, ки дар шароити ҳолати ҷангии давлати Яман, сарҷамъ овардани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарки ин кишвар мебошанд, амри маҳол аст ва ин амалиёт ҳанӯз аз охири моҳи март шурӯъ шуда буд.

"Онҳо пароканда ҳастанд, дар манотиқи мухталиф зиндагиву кор мекунанд ва дар ҳолате, ки ҷанг аст, барои бисёри онҳо тай кардани масофаи 400-500 км роҳ барои сарҷамъ шудан дар як маҳал ба хотири нишастан ба ҳавопаймо амри маҳол аст",- илова кард Эгамзод.

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкорони русашон дархост, кардаанд, ки барои пайдо ва сарҷамъ кардани ин гурӯҳҳои пароканади шаҳрвандон ва ба ҳавопаймо шинондани онҳо кӯмак кунанд.

Яман. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
44 пизишки тоҷик барои берун омадан аз Яман сабти ном шуданд

Ба гуфти намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар миёни табибони тоҷик, онҳое, ки бозгашт ба Тоҷикистонро рад кардаанд, «он кормандони тиб ҳам ҳастанд, ки масъулияти худро дар баробари «савганди Ҳиппократ» — яъне расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморон дар сангинтарин шароит эҳсос мекунанд» ва ба ҳамин хотир тасмим гирифтаанд, ки мардуми Яманро дар шароити ҷанг танҳо нагузоранд.

Дар Яман эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зидди шӯришиёни ҳутии шиамазҳаб меҷангад, ки бовар меравад, аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд. Дар паи ҷангҳо дар Санъо ҳафтае пеш раиси ҷумҳурии Яман Абдурабу Мансур Ҳодӣ аз кишвар фирор кард. 

 

Лентаи хабарҳо
0