ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аввалин ҳавопаймои наҷотбахши вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар баробари шаҳрвандони ин кишвар қарор аст гурӯҳи нахустини тоҷикистониёнро ҳам аз Санъо берун барорад, навиштааст "Радиои Озодӣ".
Аввалин ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо ҳадафи аз Яман баровардани шаҳрвандони ин кишвар аз Қоҳира ба Санъо парвоз кард. Ин ҳавопаймо бо гирифтани иҷозати эътилофе ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ вориди ҳарими ҳавоии Яман мешавад.
Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, дар баробари шаҳрвандони Русия, қарор аст ин ҳавопаймо гурӯҳи нахустини 15-нафараи шаҳрвандони Тоҷикистонро низ аз Санъо ба Маскав интиқол диҳад. Эгамзод мегӯяд, ки номнависи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо кӯмаки сафорати Русия бояд берун карда мешаванд, идома дорад.
"Мушаххас шудааст, ки дар миёни 15 нафари аввал ду нафаре ҳам ҳастанд, ки хешовандонашон бо дархости берун овардани онҳо аз Яман ба ситоди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардаанд", — мегӯяд Эгамзод.
Сафоратхонаи Тоҷикистон, ки дар назди он ситоди вижаи кӯмак ба шаҳрвандонашро дар Яман раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, ба маркази зиддибӯҳронии махсуси Вазорати умури хориҷаи Русия рӯйхати пурраи шаҳрвандонашро, ки дар Яман мунтазири кӯмак ҳастанд, ироа кардааст. Дар миёни онҳо асосан ходимони тиб мебошанд, ки тавассути ширкатҳои русӣ барои кор дар муассисаҳои тиббии Яман истихдом шудаанд. Шумори ин ходимони тиб тахминан 44 нафар ва ба иловаи аҳли хонаводаашон эҳтимолан то 100 нафарро ташкил медиҳад.
"Мақомоти Русия барои берун баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман ва овардани онҳо ба шаҳри Маскав пурра мувофиқат кардаанд ва онҳо ҳамроҳ бо шаҳрвандони худ ва дигар кишварҳое, ки аз Русия чунин дархосте кардаанд, тоҷикистониёнро ҳам берун меоранд", — таъкид кардааст Муҳаммад Эгамзод.
Айни замон, мақомот эътироф мекунанд, ки дар шароити ҳолати ҷангии давлати Яман, сарҷамъ овардани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хостори тарки ин кишвар мебошанд, амри маҳол аст. Онҳо пароканда ҳастанд, дар манотиқи мухталиф зиндагиву кор мекунанд ва дар ҳолате, ки ҷанг аст, барои бисёри онҳо тай кардани масофаи 400-500 км роҳ барои сарҷамъ шудан дар як маҳал ба хотири нишастан ба ҳавопаймо амри маҳол аст. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамкорони русашон дархост, кардаанд, ки барои пайдо ва сарҷамъ кардани ин гурӯҳҳои пароканади шаҳрвандон ва ба ҳавопаймо шинондани онҳо ҳам мусоидат кунанд, менависад "Озодӣ".
Дар Яман эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ зидди шӯришиёни ҳутии шиамазҳаб меҷангад. Дар паи ҷангҳо дар Санъо ҳафтае пеш раиси ҷумҳурии Яман Абдурабу Мансур Ҳодӣ аз кишвар фирор кард.