ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта Ҷамшед Мансуров аз вазифаи муовини раиси шаҳр барканор шуда, ба мансаби сардори Муассисаи давлатии "Равшании Душанбешаҳр" таъин гардид, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.
Ба иттилоъи манбаъ, Низомуддин Холматов, ки то ин муддат дар вазифаи сардори "Равшании Душанбешаҳр" кор мекард, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ"-и шаҳри Душанбе таъин шуд.
Ҳамчунин, Буриев Фозил Сайдалиевич — мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан ва Нуриддин Қурбонов, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳсоз" бинобар сабаби ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино таъин гардиданаш, аз мақомҳояшон сабукдӯш гардиданд. карда шудаанд.
Зимнан, Мамадорифов Мамадназар бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти истифодаи умум дар шаҳри Душанбе" озод ва ба ин симат Абдулхайр Алиев таъин гардид.