Муовини пешини нахуствазири роҳбари "Агроинвестбонк" таъин шуд

© SputnikАгроинвестбонк. Акс аз бойгонӣ
Агроинвестбонк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муродалӣ Алимардон, ки рӯзи 1- апрел бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи муовини сарвазир барканор шуд, бо қарори Шӯрои нозирони “Агроинвестбонк” раиси ин бонк таъин шуд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон бо қарори Шӯрои нозирони "Агроинвестбонк" раиси ин бонк таъин гардид, иттилоъ медиҳад сайти ин ниҳоди молӣ.

Ӯ дар ин мақом Суюнхон Рустамовро иваз кард, ки аз моҳи декабри соли 2013 роҳбарии "Агроинвестбонк"-ро ба ӯҳда дошт.

Муродалӣ Алимардон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муродалӣ Алимардон барканор шуд

Муродалӣ Алимардон, ки яке аз шахсиятҳои калидии ҳукумати феълӣ ба ҳисоб меравад, соли 1983 шӯъбаи молиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар филиали "Агробонк"-и Чептура кор кардааст. Соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шӯъбаи "Агробонк"-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст. Аз охири соли 1993 чун президенти Бонки саноати аграрии "Шарқ" адои вазифа кардааст. Аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки ду соли пеш Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) бо нашри як гузориш дар мавриди "Агроинвестбонк" гуфт, ин бонк, ки соли 2012 дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошту давлат онро "наҷот" дод, ҳанӯз ҳам дар ҳолати ногувор қарор дорад. СБП ду соли пеш гуфта буд, ки бо вуҷуди рекапитализатсияи "Агроинвестбонк" ва садҳо миллион саҳми давлат, дар ин бонк ҳанӯз ҳам норасоии маблағ ҷой дорад.  

 

Лентаи хабарҳо
0