Кони нуқраи Тоҷикистон 6 сол боз интизори харидор аст

© Flickr \ MAURO CATEB Серебро. Архивное фото
Серебро. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, поин рафтани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ боиси ноком шудани тендери Кони Мансур шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Кони Калони Мансур, ки давлати Тоҷикистон шаш сол боз бо эълони тендер ё музояда барои истихроҷи нуқра аз қаъри он сармоягузор меҷуст, харидоре пайдо накард, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Масъулони давлати Тоҷикистон поин рафтани нархи нуқраро дар бозори ҷаҳонӣ омили аслии ноком шудани ин тендер медонанд. Вале "Озодӣ" бо такя ба манобеи худ менависад, тендери эълонкардаи ҳукумат бо як моҷаро анҷом ёфтааст, ки он ҳам ба ширкати "Казтсинк"-и Қазоқистон марбут аст. Ин ширкат мегӯяд, коршарикаш дар Тоҷикистон — корхонаи "Адрасмон" номи онҳоро барои иштирок дар ин музояда, навишта, аммо онҳоро аз ин тендер огоҳ накардааст ва он боиси нофаҳмиҳо дар дохили ширкат шудааст.

Аммо масъулони давлатӣ назари дигар доранд.

"Бо назардошти баланду паст шудани нархи нуқра дар бозори ҷаҳонӣ мо аз татбиқи ин лоиҳа худдорӣ кардем. Ба ин андешаем, ки дар ин шароит иқтисоди Тоҷикистон аз коркарди ин кон суди зиёде ба даст оварда наметавонад", — гуфтааст Лочин Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Тендер ҷиҳати истихроҷи нуқра аз Кони Калони Мансур, ҳанӯз тирамоҳи соли 2009 аз сӯи давлати Тоҷикистон эълон шуда буд.

Сараввал даҳ ширкат барои иштирок дар ин музояда ҳуҷҷат пешниҳод карданд. Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати Тоҷикистон BHP Billiton, Zijin Mining, JNMC ва консорсиуми ширкатҳо иборат аз "Казтсинком", ҷамъияти саҳомии "Кони Мансур", Glencore Inc ва корхонаи "Адрасмон"-ро ба даври ниҳоии ширкат роҳ дод.

Се ширкати бузурги аввалӣ яке пайи дигар довталабона аз идомаи ширкат дар озмун даст кашиданд. Консорсиуми ширкатҳо зери роҳбарии ширкати қазоқии "Казтсинк" дар ин озмун танҳо монд ва аммо бо ин вуҷуд масъулони Кумитаи сармоягузорӣ умед доштанд, ин ширкат аз тендер даст нахоҳад кашид ва онро ғолиб эълон хоҳанд кард.

Манбаи дигари "Озодӣ", ки ба  маъмурияти ин тендер наздикӣ доштааст, бидуни ифшои номаш гуфтааст, ин тендер ноком шуд ва ҳукумат барои истихроҷи ин кон бояд дубора тендер эълон кунад. Вай гуфт, коршарики тоҷикистонии "Казтсинк" — корхонаи Адрасмон бидуни машварат бо аввалӣ аз номи он барои ширкат дар тендери Кони Калони Мансур ҳуҷҷат супурдааст. Ин манбаъ афзуд, ифшо шудани номи "Казтсинк" дар мутбуот ҳамчун иштирокчии тендер роҳбаронашро ҳайратзада карда ва дар ин росто дар дохили ширкат моҷаро бархостааст.

Мавлон Пӯлодов, роҳбари корхонаи "Адрасмон", дар суҳбат бо радио иддаои ин манбаъро рад карда гуфтааст, сабаби аслии муваффақ нашудани "Казтсинк" дар тендер ихтилофи назар дар баъзе масъалаҳо буд.

"Тендер якчанд шарт дошт, ки ба он қазоқҳо розӣ нашуданд. Шарт ҳамин буд, ки ду ширкати боқимонда дар тендер ба ҷуз аз сармоягузориҳое, ки мекард дар ин кон бояд ба давлат бонус медод. Яъне, як миқдор пул медод ба давлат. Аммо қазоқҳо ба ин шарт розӣ нашуданд", — афзудааст Пӯлодов.

Кони Калони Мансур аз конҳоест, ки захираҳои бузурги нуқраро дар миқёси ҷаҳон дар худ дорад ва ширкате, ки ба истихроҷи он мепардозад метавонад то 10 миллиард доллар суд бубинад.

Темуралӣ Авғонов, иқтисоддон ва коршинсони мустақил, ки дар гузашта таҷрибаи баргузор кардани тендерҳоро доштааст, дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, ҳарчанд ин тендер ғолибашро пайдо накард, аммо барои масъулони ҳукумат як таҷрибаи хубе буд.

"Ин якумин озмуне байналмилалӣ буд, ки ҳукумат эълон кард. Бо гузаронидани ин тендер мо мутахассиони варзидаро барои минбаъд барпо кардани чунин тендерҳо тайёр кардем. Мо як таҷрибаи хубе барои дар оянда баргузор крадани ин гуна тендерҳо пайдо кардем", — гуфтааст Авғонов.

Мушовири ҳукумати Тоҷикистон дар ташкили ин тендер Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ — IFC буд ва бо кӯмаки ин созмон арзёбии фаннии Кони Калони Мансур аз сӯи ширкати байналмиллалии Micon Int ва арзёбии ҳуқуқӣ аз ҷониби ширкати White & Case анҷом дода шуд. Бино бар натиҷаи арзёбиҳои охир ҳар тонна маъдани Кони Калони Мансур 50 грамм нуқра дорад.

Ин кон дар ноҳияи Ашт, шимоли Тоҷикистон, аз маъданҳои зиёди мухталиф иборат буда, ҳаҷми умумии онҳо наздик ба 1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад ва танҳо нуқра дар ин байн ба 50 000 тонна баробар аст.

Лентаи хабарҳо
0