ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Озмоишгоҳи пинҳонии тавлиди ҳероин дар Бадахшони Афғонистон бо мусоидати кормандони АНМН нобуд карда шуд, иттилоъ медиҳад сайти ин ниҳод.
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 40-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лабораторияи пинҳониро барои истеҳсоли ҳероин ташкил намуда, ба хариду фурӯш ва интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, инчунин ба Ҷумҳурии Исломии Покистон машғул мебошад.
Дар ин бора фавран ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дода шуд.
Барои нобуд сохтани лабораторияи пинҳонӣ дар ҳудуди қарияи Озумгули вилояти Бадахшон амалиёт гузаронад. Дар рафти амалиёт соҳиби озмоишгоҳ ва ҳаммаслаки ӯ аз тарафи кормандони полис дастгир карда шуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои амалиёт лабораторияи пинҳонӣ ошкор гардид, ки дар он ҷо 135 кг маводи нашъаовари афюн, 31 литр кислотаи хлориди аммоний, таҷҳизоти махсус барои коркарди афюн мавҷуд буд.
Айни ҳол аз тарафи кормандони полиси Афғонистон чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо истеҳсоли ҳероин машғул буданд, идома доранд.