Баъзан вақт ҳазлҳои рӯзноманигорон барои худи онҳо мушкил эҷод мекунанд, аммо онҳо дар рӯзи якуми апрел ҳамоно ҳазл мекунанд. Паҳлӯ ва ҷанбаҳои шӯхиҳо гуногун аст, аз сабукдӯш шудани кормандон то ҳазлҳои намакини сиёсӣ.

Соли 1698 дар матбуоти давраии Лондон хабаре нашр шуд, ки гӯйё рӯзи якуми апрел дар Тауэр шустушӯи намоишии шероҳои сафед сурат мепазирад.Сокинон ба ин бовар карда ба назди қалъа гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд. Баъди 200 сол бори дигар як журналист ҳамин шӯхиро ба кор бурд, ин дафъа ҳам мардум бовар кард.

2/5
© AP / Daniel Reinhardt
Соли 1993 як радиостансияи Олмон гуфт, онҳое, ки дар боғҳои минтақа ба варзиш машғуланд набояд бо суръати 6 мил бештар даванд, зеро ба ҷуфтшавии санҷобҳо халал мерасонанд.

Соли 1995 рӯзномаи Irish Times маводеро ба табъ расонид, ки тибқи он гӯйё ширкати Disney Corporation бо ҳукумати Русия қарордодро дар бораи харидани ҷисми Ленин ба имзо расонидаанд ва рӯзҳои наздик онро ба боғи Euro Disney меоранд.

Соли 2002 РИА Новости иттилоъ дод, ки Шӯрои Федератсия тасмим гирифтааст ба ҷои уқоби дусара дар нишони Русия уқоби сесараро ҷой кунанд. Гӯйё, ин герб "адолатноктар" будааст, зеро ҳар се шохаи ҳукумат- қонунбарор, иҷроия ва судро мунъакис мекунад.

5/5
© Sputnik
Соли 2012 году ҳафтаномаи "Собеседник" дар арафаи рӯзи якуми апрел навишт, ки ҷустуҷӯи гурба бо номи Дорофей, ки соҳибаш Дмитрий Медведев мебошад, эълон мешавад. Ин хабарро шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳо фавран ба нашр расониданд.Медведев маҷбур шуд, ки дар саҳифаи Твиттер нависад, ки гурбаи ӯ гум нашудааст.