ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Сурия, ки шоми сешанбеи 31 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3-2 хотима ёфт, менависад сомонаи ФФТ.
Ду голи мунтахаби Сурияро Рафеъ Раҷа дар дақиқаҳои 23-юм ва 37-ум ва як голро Алҳусейн Абдулраззоқ дар дақиқаи 63-юм ба ҳадаф расонданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Давронов дар дақиқаи 42-юм ва Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 89-ум заданд.
Бояд гуфт, ин бозии дӯстона дар доираи омодагии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Сурия ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи июни соли равон шурӯъ мешавад, барпо гардид.
Дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 141-ум ва мунтахаби Сурия дар ҷойи 152-юм қарор доранд.