ВКД милисаи Хуҷандро барои ҷасораташ қадрдонӣ кард

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди милиса, ки ҳафтаи гузашта як сокини шаҳри Хуҷандро аз ғарқшавӣ дар дарёи Сир наҷот дод, бо фармони вазири умури дохилӣ унвони "Аълочии милиса"-ро соҳиб гардид.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сержанти милиса Парвиз Ёқубов, ки ҳафтаи гузашта Мавзуна Зокирова, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз қасди худкушӣ дар дарёи Сир наҷот дод, бо нишони сарисинагии "Аълочии милиса" сарфароз гардид, иттилоъ медиҳад сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

"Барои содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, дарки баланди масъулият ва нишон додани ҷавонмардӣ, ҳамзамон наҷот додани шахси ғарқшуда бо фармони Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба Ёқубов чунин мукофот тақдим мешавад",- менависад манбаъ.

Парвиз Ёқубов корманди хадамоти таъминотии пулиси шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 25-соларо, ки ба қасди худкушӣ аз болои купрӯки дарёи Сир худро ба об партофта буд, аз хатари ғарқшавӣ наҷот медиҳад. Мақомоти умури дохилии Суғд гуфтанд, таҳқиқи ин ҳодисаро, ки Мавзуна Зокирова чаро қасди худкушӣ дошт, додситонӣ бар ӯҳда дорад. 

Лентаи хабарҳо
0