ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ҷаласаи Гурӯҳи кории Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД рӯзи 3 апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад, менависад сомонаи ин ташкилот.
"Дар рӯзномаи ҳамойиш- таҳлили вазъи Афғонистон, дурнамои масоили амниятӣ ва низомии минтақа, баррасии санадҳои марбут ба мушкилоти ҶИА ворид гардидаанд. Ҳамчунин, тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон дар нимсолаи дуввуми соли 2015 дар назар аст",- омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, намояндагони СПАД аз як воҳиди низомии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки шомили неруҳои муштараки СААД мебошанд, дидан намоянд.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Ӯзбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Айни ҳол, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомили ин ташкилотанд.