ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Австралия дар бораи роҳандозии таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия эълом кард, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба изҳороти вазири умури хориҷаи он кишвар Ҷули Бишоп.
Маҳдудсозии ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои молия, фурӯши аслиҳа ва таҷҳизоти коркарду истихроҷи нафт, инчунин сармоягузории тарҳҳои зербаноӣ рабт дорад. Ба қавли Бишоп, таҳримҳои воридшуда амсоли таҳримоти ИА, Канада ва ИМА мебошанд.
Ҳамзамон, тибқи ин санад сафари бархе аз мақомдорон ва тоҷирони бузурги Русия ба Австралия манъ мешавад.
"Тавсеъаи таҳримҳо алайҳи Русия ба ба содирот ва воридоти аслиҳаву фанновариҳои низомӣ, содироти бархе аз мошинолоти саноатӣ барои истихроҷи нафт, содироти таҷҳизоти энергетикӣ ба Қриму Севастопол, сармоягузории Австралия ба тарҳҳои мухобиротӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии ин манотиқ манъ мегардад",- омадааст дар изҳорот.