ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо гумони ришваситонӣ як корманди КДАМ-ро боздошт кардааст, хабар медиҳад CA-News ба истинод ба хадамоти матбуотии ин мақомот.
Лейтенанти калони мақомоти амниятии кишвар, ки ба ҳайси корманди фаврии яке аз раёсатҳои КДАМ дар пойтахт фаъолият мекард, барои он ки шаҳрванд А-ро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намояд, аз ӯ 5 ҳазор доллар ришва талаб кардааст.
Ӯ рӯзи 23 март аснои гирифтани қисме аз пора- 2 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир гардид.
Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми "гирифтани пора" тибқи моддаи 319 КҶ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.