Созмони милал: ҳаёти 15 миллион кӯдаки сайёра таҳти таъсири ҷанг аст

© Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ
Дабири кулли СММ Пан Ги Мун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи СММ дар мамолик ва минтақаҳое, ки бархӯрди хашин бо гурӯҳҳои силоҳдор идома дорад, 230 миллион кӯдак ба сар мебаранд.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Қариб 15 миллион кӯдак дар соли 2014 аз сабаби даргириҳо бо ҷангиён таҳти хушунат қарор доштанд, иброз дошт рӯзи чоршанбе дабири кулли СММ Пан Ги Мун. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

"Соли гузашта барои кӯдаконе, ки дар нуқоти доғ ба сар мебаранд, бадтарин сол буд. Тибқи маълумоти мо дар манотиқи ҷангзада ва мавзеъҳое, ки даргириҳо бо гурӯҳҳои силоҳдор идома дорад, беш аз 230 миллион кӯдак ба сар мебаранд. Қариб 15 миллиони онҳо бевосита таҳти фишор қарор гирифтанд",- гуфт вай дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ, ки ба масъалаи кӯдакон дар маҳалли низоъҳо бахшида шуда буд.

Намояндагони Фаронса мушкилоти марбут ба рабуда шудани кӯдакон ва истифодаи онҳо дар амалиётҳои террористӣ ва ҷангиро дар миён гузоштанд.

СММ: теъдоди қурбониён дар Украина аз 5,3 ҳазор нафар бештар шуд

"Аз шимолу шарқи Нигерия то Ироқ, аз Судони ҷанубӣ то Сурия мо шоҳиди бевоситаи чунин амалҳо, рабудани кӯдакон ва истифодаи онҳо дар амалиётҳои ҷангӣ гардидем",- қайд кард дар навбати худ Пан Ги Мун.

Вазифаи мо- оташ кушодан ба ҳама чизи ҳаракаткунанда буд

Ҷуниор Нзита Нсуами, ки дар 12-солагиаш ба доми гурӯҳҳои ифротӣ гирифтор шуда буд ва барои сарнагун кардани президенти Ҷумҳурии Демократии Конго- Мобуту мубориза мебурд, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ сухан кард.

"Мо сокинонро мекуштем, зербаноҳоро тахриб мекардем, ки аҳолӣ ба мушкил мувоҷеҳ шавад.Мо ҳама он чиро иҷро мекардем, ки мефармуданд. Барои мо ҳеч гуна меъёри инсондӯстӣ вуҷуд надошт. Мо аслиҳа мекашонидем, муҳимоти ҷангӣ ба даст меовардем.  Вазифаи мо- оташ кушодан ба ҳама чизи ҳаракаткунанда буд. Бори дигар барои азобу машаққатҳои ба сари одамон овардаам, маъзарат мепурсам",- гуфт Нсуами.

Соли 2006 ӯ тавонист аз суфуфи ҷангиён ихроҷ шавад.Бо истифода аз барномаи вижаи кӯмак барои мутобиқсозӣ дар ҷомеъа ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт.

Ба гуфти дабири кулли СММ, мисоли Ҷуниор намунаи он аст, ки агар ба кӯдакон шароити таҳсил ва дигар имконот фароҳам оварда шавад, хушунати аз сар гузарондаи онҳо дар давраи ҷанг аз миён бардошта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0