ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар манотиқи шарқии Украина аз оғози даргирӣ беш аз 5,3 ҳазор нафар кушта ва 12 ҳазор нафар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сухангӯйи Раёсати олии комиссари СММ дар умури ҳуқуқи инсон Равин Шамдасани.
Тибқи иттилоъи ахири ин ниҳод, ки дар нишасти хабарӣ дар Женева эълом шуд, теъдоди кушташудагон беш аз 5358 нафар ва захмиҳо 12 ҳазору 235 нафар аст.
Дар авохири моҳи январ намояндаи Раёсати олии комиссари СММ дар умури ҳуқуқи инсон ин оморрро 5187 нафар кушташуда ва 11 ҳазору 515 нафар захмӣ унвон карда буд.
Ба авоили моҳи феврал, дар се ҳафтаи набардҳо дар шарқи Украина дастикам 222 нафар сокини осоишта кушта ва 545 нафари дигар осеб бардоштаанд ва "идомаи даргирӣ ба 5,2 миллион сокини манотиқи шарқии кишвар асароти номатлуби ваҳшатовар хоҳад дошт".
Амалиёти низомӣ дар Донбасс дар моҳи апрели соли гузашта алайҳи норозиёни ин минтақа аз табадуллоти давлатӣ оғоз шуда буд. Тибқи иттилоъи САҲА, дар ҷараёни даргирӣ ҳудуди як миллион нафар сокинон гуреза шудаанд. Нӯҳуми декабр дар Донбасс бо миёнравии САҲА миёни ҷудоихоҳон ва низомиёни давлатӣ оташбаси навбатӣ эълом шуд. Аз 9 январ шиддати тирпарронӣ дар минтақа афзоиш ёфт.
Намояндаи раёсати ҳуқуқи инсони СММ баёнияеро аз номи Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раад ал Ҳусейнро қироат кард, ки дар он аз ҷонибҳои даргирии Украина даъват шудааст аз хушунат ҷилавгирӣ кунанду тавофуқоти Минскро риъоят созанд ва ба ҳамаи бозигароне, ки ба ҷонибҳо таъсиргузоранд, барои аз саргирии низоми оташбас мусоъидат кунанд.
"Мавориди зиёди кушта шудани сокинон аз мушакборони манотиқи аҳолинишин аз манотиқе, ки ҳам таҳти назорати давлатиҳо ва ҳам таҳти назорати ҷудоихоҳон ҳастанд, мушоҳида шудааст. Танҳо дар як мавриди ваҳшатнок дар пайи ду ҳамалоти мушакборон дар Мариупол дастикам 31 нафар кушта ва 121 нафар захмӣ шуданд. Ҳимояти сокинони осоишта ба ҳар ду ҷониби даргир бояд увлавият дошта бошад", — иқтибос овард аз баёнияи Шамдасонӣ.
Ҳамзамон масъули СММ дар умури ҳуқуқи инсон изҳороти бархе аз намояндагони ҷонибҳои даргир дар робита ба қатъи оташбасро "хатарнок ва нигаронкунанда" унвон кард.
Ба эътиқоди вай, тасмими Киев барои роҳандозии маҳдудият дар омаду рафт дар минтақаи даргирӣ ва инзифои иҷтимоиву иқтисодии шарқи кишвар ҳамчунин вазъи сокинони осоиштаро, ки ночоранд дар ин минтақа қарор дошта бошанд, сангин месозад.