Ҳузури шӯришгарони ҳусӣ дар минтақаи ҳаммарзи Арабистони Саудӣ

© AP / Hani MohammedПайрадорони ҳусӣ маросими ҷанозаро назорат мекунанд
Пайрадорони ҳусӣ маросими ҷанозаро назорат мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он чанд кишвари минтақа ширкат мекунанд. Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс шурӯъ гардид. Дар он қайд мешавад, ки “мо омодаи пазириши даъвати президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ҳастем ва ҳукумати қонуниро аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят мекунем”.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳазорон шӯришгари ҳусии мусаллаҳ дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзии Саъди Яман, ҳамсарҳад бо Арабистони Саудӣ қарор доранд. Дар ин бора як манбаъ аз қабилаҳои яманӣ ба оҷонсии Sputnik иттилоъ дод.

Ба қавли онҳо, ҷангиён дар марз барои он ҷамъ шудаанд, ки имконияти посух додан ба эътилофи низомиро дошта бошанд. Шӯришгарони ҳусӣ амалкарди кишварҳои Халиҷи Форсро "таҷовузи низомӣ" унвон кардаанд.

Кохи Сафед дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Амрико аз шӯришгарони хост, сари мизи музокирот бинишинанд

Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд. Дар ҳоли ҳозир маълум гардид, ки эътилофи ҳарбӣ фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман ва чанд иншооти ҳарбиро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ба гуфти манбаъи Sputnik, то ин соат дар мавриди қурбон шудани 20 нафар ва захмӣ гардидани 30 тани дигар маълумот расидааст. Бо сабаби он ки бештари мушакҳо ба тарафи манозили маскунӣ партоб шудаанд, теъдоди кушташудагон низ зиёд ба назар мерасад.

Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс шурӯъ гардид. Дар он қайд мешавад, ки Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт ва Баҳрайну АМА "омодаи пазириши даъвати президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ҳастанд ва ҳукумати қонуниро аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят хоҳанд кард".

Арабистони Саудӣ тасмим дорад дар амалиёти низомӣ аз 100 ҳавопаймои қиркунанда ва беш аз 150 ҳазор афсару сарбоз истифода кунад. Покистон ва Миср низ ба эътилофи низомӣ пайвастанд.

Лентаи хабарҳо
0