Амрико аз шӯришгарони хост, сари мизи музокирот бинишинанд

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкКохи Сафед дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ
Кохи Сафед дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Маъмурияти ИМА аз шӯришиёни ҳусӣ даъват кардааст, ки даст аз амалиёти низомӣ бардоранд ва сари мизи гуфтушунид бишинанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Бернадетта Михан.

Дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд. Дар ҳоли ҳозир маълум гардид, ки эътилофи ҳарбӣ фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман ва чанд иншооти ҳарбиро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

"Мо ҷиддан аз шӯришиёни ҳусӣ тақозо дорем, ки амалиёти низомиро канор гузошта, барои муколамаи сулҳомез омода шаванд. Ҷамоаи байналмилал ба воситаи СММ, инчунин дигар сохторҳо ҷонибдори ҳалли мушкил бо роҳи гуфтушуниди сиёсӣ аст. Интиқоли ҳукумат дар Яман бояд ба таври сиёсӣ сурат бигирад, дар раванди он ҳама ҷонибҳои манфиатдор ҳузур дошта бошанд",- иброз дошт Михан рӯзи чоршанбе.

Ӯ аз номи ҳукумати Амрико "амалкарди ҳусиҳои шӯришгарро алайҳи ҳукумати қонунӣ маҳкум намуд". Ба қавли хонум, "иқдоми шӯришиён Яманро ба беҳокимиятӣ, харобӣ ва бесуботӣ оварда мерасонад".

Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз дар даҳаи аввали моҳи феврал вазорати корҳои хориҷаи Амрико таъйид кард, ки ба далелҳои амниятӣ ва баъд аз гузаштани қудрат ба дасти гурӯҳи шӯришии шиаи ҳусиҳо ин кишвар сафоратхонаи худро дар Яман бастааст.Сафоратхонаҳои Британияву Фаронса ва Олмон низ гуфтанд, ки баъзе ҳуҷҷатҳои худро интиқол медиҳанд ва кормандонашон дастмузди думоҳаи худро мегиранд ва ба рухсатӣ мераванд.

Шӯришиёни ҳусӣ аз моҳи сентябри соли 2014 ба ин сӯ назорат бар шаҳри Санъоро дар ихтиёр доранд ва моҳи гузашта кохи раёсати ҷумҳуриро ба тасарруфи худ дароварданд. Ба дунболи он президент Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ва ҳукумати вай ба истеъфо рафтанд.Моҳи феврал шӯришиён порламонро пароканда карданд ва як ҳукумат ва шӯрои давраи гузор ташкил доданд. Абдул Малик Ҳусӣ-раҳбари ҳусиҳо гуфт, ки бо ин кор "халои сиёсӣ"-ро пур мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0