https://sputnik.tj/20150326/1014911257.html
Кувайт ба сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад
Кувайт ба сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе... 26.03.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-03-26T09:55+0500
2015-03-26T09:55+0500
2021-08-10T16:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101491/07/1014910715_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_d2ba5f71e4f7aa3e788e96f33db71426.jpg
кувайт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, кувайт, зубайдулло зубайдов, халифа мусоид ал-ҳамода, комиссияи муштараки тоҷикистону кувайт, ҳамкории ду кишвар, сармоягузории кувайт
иқтисод, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, кувайт, зубайдулло зубайдов, халифа мусоид ал-ҳамода, комиссияи муштараки тоҷикистону кувайт, ҳамкории ду кишвар, сармоягузории кувайт
Кувайт ба сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад
09:55 26.03.2015 (Навсозишуда: 16:40 10.08.2021) Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, нишасти дуввуми он дар нимсолаи равон дар Кувайт сурат хощад пазируфт.
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Муовини аввали вазири молияи Кувайт Халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии Кувайтиро иброз намуд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ ҶТ.
Бино ба навиштаи манбаъ, рӯзи душанбе мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири молия ва раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид.
Аснои нишаст ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодул назар карданд. Халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Кувайтиро иброз намуд.
Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуюми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар давлати Кувайт гузаронида мешавад.