Кувайт тариқи Покистон ба Тоҷикистон сӯзишворӣ ворид мекунад

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкҲамлу нақли нафт. Акс аз бойгонӣ
Ҳамлу нақли нафт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Тоҷикистон барои баррасии масоили хариди орду ғалла ва маҳсулоти сӯзишворӣ, инчунин интиқоли он тариқи Қувайт- бандари Карочӣ дар Покистон қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Исломобод барои интиқоли 100 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳи Турхам ризоят додааст, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ бо истинод ба Абдулфайз Аттоев, сухангӯи ВКХ ҶТ.

"Қарор аст, ки дар марҳалаи аввал аз тариқи Покистон ба Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории Кувайт ворид карда шавад. Тибқи мувофиқати пешакӣ дар мавриди интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути бандари Карочии Покистон ҳангоми сафари вазири умури хориҷӣ   ба ин ду кишвар ҳосил шуда буд. Қарор аст, ки мавод тавассути баҳр ба бандари Карочии Покистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол ёбад",- иброз дошт Аттоев.

Номбурда афзуд, айни ҳол як ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Оҷонсии захираҳои моддии кишвар Нурмуҳаммад Ахмедов ба хотири баррасии ин мавзӯъ дар Покистон қарор дорад. Оқои Ахмедов мавзӯи интиқоли сӯзишворӣ аз Кувайт ба Тоҷикистон тавассути Покистонро бо вазири обу энержии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф матраҳ кард.  

Ба иттилои расмӣ, имкон дорад, дар марҳилаҳои гуногун ҳамасола аз ин роҳ аз 1 то 2 миллион тонна маводи сӯзишвории Кувайт ба Тоҷикистон интиқол дода шавад.

ВАО-и  Исломобод дар шарҳи ин мавзӯъ навиштанд, ки ҳайати тоҷикистонӣ дар ин мулоқот бунёди полоишгоҳ дар наздикии бандари Карочӣ, ҷое ки сӯзишвории содиротӣ аз Кувайт тариқи баҳр ба Покистон мерасад, тақозо кардаанд. Ба иттилои онҳо, раиси Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири обу энержии Покистон гуфтааст, ки кишвараш бештар ба дизел ва бензин ниёз дорад. Расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, Нурмуҳаммад Ахмедов гуфтааст, ки Тоҷикистон мехоҳад, аз Покистон орду гардум ҳам бихарад. Ҷонибҳо дар мавриди бунёди роҳи оҳан аз гузаргоҳи Турхам ба Тоҷикистон ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Тибқи иттилои вазорати энергетикаи кишвар, талаботи Тоҷикистон дар як сол ба маводи сӯзишворӣ беш аз 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ба ҷумҳурӣ асосан ин навъи маҳсулотро аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ворид менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом дошт, ки тайи моҳҳои январ то октябри соли 2014 ба ҷумҳурӣ 477,6 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 174,8 ҳазор тонна бештар аст.

Лентаи хабарҳо
0