Ҷангиёни “ДИ” ду табаъайи Бангладешро озод карданд

© AP Photo, FileПарчами ДИ. Акс аз бойгонӣ
Парчами ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми ҳамла ба кони нафт дар авоили моҳ 11 нафар муҳофиз кушта ва 9 нафар кормандони хориҷии ширкати VAOS ба асорат гирифта шуданд. Ба ҷуз аз ду табаъайи Бангладеш ба асорат ҳамчунин як шаҳрванди Чехия, Австрия, Гана ва чаҳор нафар шаҳрвандони Филиппин асир гирифта шуданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ду табаъайи Бангладеш, ки ҳангоми ҳамла ба кони нафт дар Либия асир гирифта шуда буданд, озод шудаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба вазорати хориҷии Бангладеш.

"Хелал Уддин (Helal Uddin) и Муҳаммад Анвар Ҳуссей (Mohammed Anowar Hossain) шоми рӯзи сешанбе озод карда шуданд. Феълан онҳо дар бемористони шаҳри Сирта дар шимоли Либия қарор доранд", — менависад хабаргузории Рейтер бо истинод ба баёнияи вазорати умури хориҷии Бангладеш.

Ба далели ҳамалоти террористҳо дар ҳафтаҳои ахир мақомоти Либия водор шуданд, ки умури иктишофӣ дар 11 кони нафтро муттафақиф созанд. Ба эътиқоди сухангӯйи артиши Либия, ҳадафи дарозмуддати исломгароён ғасби куллияи истихроҷи нафт дар кишвар аст.

Воҳиди вижаи артиши Миср дар Либия 150 террористони "ДИ"-ро маҳв кард

Аз замони сарнагунӣ ва қатли раҳбари кишвар Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 Либия бӯҳронеро паси сар мекунад. Дар пайи ихтилофот дар Либия дуҳокимиятӣ роиҷ аст. Бархе аз манотиқи Либияро мақомоти марказӣ аслан назорат намекунанд.

Гурӯҳи ДИ, ба иттилоъи Раёсати марказии иктишофӣ, ҳудуди 30 ҳазор нафар ҷангҷӯро дар суфуфаш қарор дорад ва дар манотиқи забтшудаи Ироқ ва Сурия хилофатро эълом карда талош дорад ин манотиқро тавсеъа диҳад. Гурӯҳҳои мухталиф дар Либия, Миср, Афғонистон, Нигерия барои садоқат ба ДИ савганд ёд кардаанд. Алайҳи ин гурӯҳ нерӯҳои давлатии Сурия ва Ироқ, эътилофи байналмиллалӣ ба раҳбарии ИМА ва ҳамчунин курдҳои Ироқ ва Сурия мубориза мекунанд.

Дар пайи амалиёти низомӣ чанд ҳазор нафар аз сокинони осоишта кушта ва садҳо ҳазор нафар гуреза шудаанду ва чанд ҳазори дигар дар асорати ДИ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0