ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Воҳиди вижаи артиши мисрӣ зимни баргузории амалиёт алайҳи террористони ДИ дар қаламрави Либия 150 ҷангҷӯро маҳв ва даҳҳо нафари дигарро асир гирифтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Sky News Arabia.
Ба иттилоъи ин шабака, амалиёти низомиёни Миср бо ҳамгироӣ бо артиши давлатии Либия сурат гирифтааст. Амалиёт дар қаламрави яке аз ӯрдугоҳҳои тамринотии террористон дар ҷанубии шаҳри Дерна, ки маҳалли тақвиятии ин гурӯҳи тундгаро маҳсуб мешавад, сурат гирифтааст. Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ин амалиёт субҳи рӯзи чаҳоршанбе рух додааст.
Дар миёни террористони асирафтода шаҳрвандони кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин тундгароён аз кишварҳои дур будаанд. Низомиёни мисрӣ дар ин амалиёт ду кушта доштаанд.
Баргузории ин амалиёти низомӣ дар қаламрави Либияро манбаъи РИА Новости дар артиши Миср низ таъйид кард.
"Бале, амалиёти муввафақе дар қаламрави Либия гузаронида шуд", — гуфт манбаъи огаҳ, вале аз ироъаи ҷузъиёти ин амалиёт худдорӣ кард.
Шоми рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоии марбут ба гурӯҳи террористии ДИ навори видеоӣ ба намоиш гузошта шуд, ки дар он қатли 21 нафар табаъайи мисрии дар Либия боздоштшуда дида мешуд.
Дар пайи қатли атбоъи мисрӣ нерӯҳои ҳавоии Миср дар ҳамгироӣ бо нерӯҳои ҳавоии Либия ба мавзеъоти ҷангҷӯёни ДИ дар шаҳри Дерна, дар шарқи Либия ҳамалот анҷом доданд. Дар бораи кушта шудани беш аз чиҳил ҷангҷӯ гузориш шуд.
Дар вазорати дифоъи Миср гуфтанд, ки ҳамалоти ҳавоӣ ба маҳаллоти сукунати ҷангҷӯён, ӯрдугоҳҳо ва анборҳои лавозимоти низомӣ сурат гирифтаанд. Дар ҳисоботи эъломшудаи вазорати дифоъи кишвар зикр шуда буд, ки "куллияи ҳамалоти ҳавоӣ ба аҳдофи худ расидаанд".