ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Покистон тасмими ҷиддии пайвастан ба СҲШ-ро дорад, иброз дошт президенти ин кишвар Манмун Ҳусейн. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.
"Мо бовар дорем, ки ҳама масоили марбут ба шомилшавии Покистон ба созмон ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи он бо гузашти вақт ҳал мешавад",- гуфт оқои Ҳусейн аснои мусоҳиба бо оҷонсии иттилоотии Sputnik.
Роҳбари Покистон аз Русия барои ҷонибдориаш дар масъалаи шомилшавӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки дар ҳамойиши ин ташкилот дар Уфа ба мавзӯъи мазкур дахл хоҳанд кард.
Айни замон кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбакистон аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буда, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозириро дороанд. Ҷамоҳири Беларус, Туркия ва Шри-Ланка ба ҳайси шарикони муколама дар кори созмон ширкат мекунанд. Ҳиндустон ва Покистон дар моҳи сентябри соли 2014 дар ҳамойиши Душанбе дархости расмӣ барои шомил шудан ба СҲШ-ро ироа карда буданд.