ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ширкати ҳавоии Germanwings, ки моли ширкати олмонии Lufthansa мебошад, баъд аз сукути ҳавопаймои А320 дар ҷанубу шарқи Фаросна аз қатъи чанд парвозҳои худ дар Олмон хабар дод, менависад РИА Новости.
Ба иттилоъи рӯзномаи Bild бо истинод ба намояндаи ширкати ҳавоии Lufthansa (Germanwings — ширкати мансуб ба вай мебошад) ин ширкати ҳавоӣ рӯзи сешанбе аз лағви 30 парвоз хабар дод. Ба гуфтаи намояндаи Lufthansa, халабонҳои ҳавопаймоҳо ба далели хусусӣ аз кори худ сарфи назар карданд.
"Ба дунболи ҳодисаи фоҷиъабори рӯзи сешанбе Germanwings аз пайдо шудани мушкилот дар хатсайрҳои худ хабар медиҳад. Ин амр ба далели дасткашии халабонҳо аз парвозҳо ба дунболи сукути ҳавопаймои Germanwings, ки 144 мусофир ва шаш халабону меҳмондор дошт, сурат гирифтааст", — омадааст дар баёнияи ин ширкати ҳавоӣ, ки дар сомонааш мунташир шудааст. Аммо миқдори дақиқи парвозҳои лағвшуда гуфта нашудааст.
"Мо ин тасмими халабонҳоро мефаҳмем", — иқтибос шудааст дар баёния аз суханони Томас Винкелманн, раҳбари ширкат.
Қаблан маҷаллаи Spiegel хабар дода буд, ки дар ҳавопаймои Airbus A320, ки ахиран сукут кард, мушкилоти фаннӣ ошкор шуда буданд. Эҳтимол дорад, ки ба ин далел, зикр мекунад маҷалла, бархе аз халабонҳои ҳавопаймоҳои дигари Airbus A320 ширкати Germanwings аз анҷоми парвозҳо худдорӣ кардаанд.
Ҳавопаймоҳи Airbus A320 ширкати камарзиши Germanwings, ки дар масири Барселона-Дюсселдорф парвоз мекард, рӯзи сешанбе дар манотиқи душворгузари кӯҳистонии Алп дар ҷанубу шарқи Фаронса сукут кард. Дар ин садама, тибқи иттилоъи ахир 150 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Раиси ҷумҳури Фаронса қаблан гуфта буд, ки миёни мусофирони ин ҳавопаймо атбоъи Олмон, Испания ва Туркия буданд.
Дар навбаи худ рӯзномаи испании АВС бо истинод ба манобеъи худ дар фурӯдгоҳи Эл-Прати Барселона дертар хабар дод, ки дар миёни мусофирони ҳавопаймои сукуткардаи А320 ду шаҳрванди Аргентина, табаъайи ИМА, шаҳрванди Колумбия, Мексика, Белгия ва Марокко низ будааанд. Вазири хориҷии Австралия Ҷули Бишоп ба навбаи худ изҳор дошт, ки дар миёни мусофирон ҳамчунин ду шаҳрванди кишвараш низ будаанд. Рӯзномаи Politiken Дания бо истинод ба вазорати хориҷии ин кишвар низ хабар додааст, ки дар миёни мусофирони ин ҳавопаймо як сокини ин кишвар низ будааст.