ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Як ҳавопаймои марбут ба ширкати Germanwings-и Олмон 24 март дар куҳистонҳои Фаронса суқут кард, ки дар натиҷа 150 сарнишини он кушта шуданд, менависад РИА Новости.
Аэробуси А320-и Олмон рӯзи сешанбе дар кӯҳистонҳои Алпи Фаронса бо 150 сарнишин, ба шумули 2 халабон ва 4 пешхидмат суқут кардааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳавопаймои парвози GWI18G аз радар нопадид шудааст.
Бино бар асоси бархе аз хабарҳо, бештари сарнишинони ҳавопаймо олмониҳо будаанд.
Президенти Фаронса Франсуа Олланд, билофосила гуфт, ба "эҳтимоли зиёд" касе аз сарнишинон зинда намондааст.
Ин ҳавопаймо аз шаҳри Барселона ба Дюселдорф парвоз мекард.
Тафсилоти бештар баъдтар нашр мешавад.