Чуркин: Русия ба ША СММ тарҳи қатъномаи тавофуқоти Минскро ироъа кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкҲамоиши кишварҳои узви ША СММ
Ҳамоиши кишварҳои узви ША СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи панҷшанбе ША СММ ба ибтикори Русия ҷаласа доир ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз 12 феврал аз сӯйи Киевро баргузор кард. Чуркин тавзеъ дод, ки зарурати ин дидор ба тасмими Рада барои таъвиқи иҷрои роҳандозии наҳваи низоми худмухтор дар Донбасс рабт дорад.

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Русия ба Шӯрои Амнияти СММ тарҳи қатънома доир ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск барои ҳалли қазияи шарқи Украинаро ироа кард, хабар дод намояндаи доимии ФР дар СММ Виталий Чуркин, менависад РИА Новости.

"Мо нусхаи хеле кӯтоҳи тарҳи қатъномаро тавзеъ додем", — гуфт Чуркин ба хабарнигорон баъд аз анҷоми машвартҳои пӯшидаи ША СММ. Вай тавзеъ дод, ки ин санад ҳадаф дорад, ки "бори дигар зарурати иҷрои тавофуқоти Минск, аз ҷумла дар мавриди музокироти миёни Киев, Луганск ва Донетск дар робита ба шакли баргузории интихоботи маҳаллиро таъкид кунад".

Порошенко: назорати пулиси ИА роҳи беҳтарин барои шарқи Украина аст

Рӯзи панҷшанбе ША СММ ба ибтикрои Русия дар робита ба иҷро нашудани тавофуқоти Минск аз 12 феврал аз сӯйи Киев ҷаласа баргузор кард. Зарурати баргузории ин ҷаласаро Чуркин ба тасмими Радаи олии Украина мабнӣ ба таъхир гузоштани наҳваи вижаи худмухторӣ дар Донбасс то замони баргузории интихобот дар он минтақа тибқи қавонини украинӣ рабт дод.

Чуркин аз ин қонун интиқод карда гуфт, ки "ин санад феълан дар бораи ҳеҷ низоме ҳарф намезанад" ва "комилан зидди мантиқи иқдомот барои ҳалли куллияи масоили мушовирати миёни Киев, Донетск ва Луганск мебошад".

Намояндаи доимии ФР дар СММ зикр кард, ки ҳайъати ИМА ва Бритониё "зуд талош карданд, ки ҳамаро ба ҳам зананд". Дар посух ба ин Чуркин ёдовар шудааст, ки тибқи тавофуқоти Минск наҳваи вижаи низоми Донбасс бояд дар ду марҳила иҷро шавад.

Вазъ дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ШАМД: на ҳамаи Донбасс минтақаи вижа мешавад

"Нахуст — дар асоси қонуне, ки дар моҳи ноябри соли гузашта қабул шуда буд, Киев бояд манотиқеро мушшахас кунад, ки он қонун дар он ҷо иҷро мешавад. Онҳо ин муқарраротро иҷро накарданд ва ҳатто Донетску Луганск дар ин қонун зикр нашудаанд. Сипас, баъди баргузории ислоҳоти Қонуни асосӣ ва боз ҳам дар мушовара бо намояндагони Донетск ва Луганск бояд низоми ниҳоии ин манотиқ мушшахас карда шавад", — гуфт намояндаи Русия.

Аммо дар натиҷа, ба гуфтаи Чуркин, мақомоти украинӣ "ин марҳиларо комилан сарфи назар карда ин манотиқро забтшуда эълом карданд ва онҳоро аз ҳар шакли низом дар ҳайъати Украина бенасиб сохтанд".

Лентаи хабарҳо
0