ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. ШАМД Украина манотиқи Донбасс, ки дар он ҷо низоми вижаи худидоракунӣ роҳандозӣ мешавад, вобаста ба тасарруфи онҳо аз сӯйи ҷудоихоҳон то ба 19 сентябри соли 2014 мушшахас кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Низоми вижа на дар ҳамаи манотиқ дар масири даргирӣ, ки аз сӯйи Украина таҳти назорат қарор доранд, роҳандозб мешаванд. Барои иҷрои мушшахас кардани марзҳо тасмими вижаи Радаи олии Украина тасвиб шуда ба қонун дар бораи низоми вижа тағйирот ворид карда мешаванд, зикр мешавад дар сомонаи ШАМД.
"Ба манзури иҷрои муваззафоти Украина, ки тибқи тавофуқоти Минск аз 19 сентябри соли 2014 ва 12 феврали соли 2015 гирифта шуда ва аз сӯйи ША СММ таъйид шудаанд, ШАМД Украина тасмим дар бораи мушшахас кардани марзҳои манотиқи ҷудогона, ки дар он ҷо низоми вижаи худидоракунӣ тибқи қонуни Украина дар бораи низоми вижаи худидоракунӣ дар манотиқи ҷудогонаи вилоятҳои Луганск ва Донетск бар пояи тавофуқоти Минск аз 19 сентябр пуштибонӣ мекунад", — изҳор дошт рӯзи панҷшанбе муъовини дабири ШАМД Михаил Ковал.
Вай таъкид кард, ки низоми вижа дар манотиқе, ки Киев назорати онҳоро баъд аз 19 сентябри соли 2014 аз даст додааст, роҳандозӣ намешавад.
Киев ба тасвиби қонун дар бораи низоми вижаи бархе аз манотиқи вилоёти Донетск ва Луганскро тибқи санади Минск аз 5 сентябри соли 2014 муваззаф шуда буд. Қонун аз сӯйи порлумони Украина тасвиб шуд, вале дар амал он истифода намешуд, зеро Рада манотиқи мавриди иҷрои онро мушшахас накарда буд. Дар санади тавофуқшуда дар моҳи феврали соли 2015 ҷонибҳои даргир ба натиҷае расиданд, ки мақомоти Украина то 14 март манотиқи иҷрои ин қонунро мушшахас мекунанд.