ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Инъикоси рушди бомароми Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддаси адибони тоҷик бошад, муътақид аст раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки матни суханрониаш дар назди зиёиён дар сомонаи расмиаш мунташир шудааст.
Адабиёт ба гунаи маҳлули рӯҳи инсон дар тарбияи маънавии ҷомеъа нақши муҳим мебозад ва бозгӯйи бадеъии воқеъият аст, гуфт раиси ҷумҳур.
"Таблиғи аҳдофи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти субботи сиёсӣ, бозтоби дурусти зиндагии халқ ва рушди бомароми Тоҷикистон бояд вазифаи муқаддасти адибон ва адабиёти тоҷик бошад", — зикр кард вай.
Ҳамзамон Раҳмон бар ин назар аст, ки муҳим аст асоси эҷодиёти адибони тоҷикро мавзӯъи Ватан, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтироми муқадассоти миллӣ ташкил бидиҳад.
"Адибони мо муваззафанд наврасон ва ҷавононро дар ин рӯҳия тарбият кунанд то ки онҳо дар оянда парчами озодӣ ва истиқлолияти моро баланд бибардоранд", — гуфт раҳбари кишвар.
Вале бояд зикр кард, ки иқрор шуд раиси ҷумҳур, адабиёти тоҷик аз замон ақаб мондааст, на ҳама аз дастовардҳо дар замони истиқлолият комилан бо дарназардошти манофеъи имрӯзу фардои миллат ва давлат таҷассуми бадеъии худро дар адабиёт ёфтаанд.