Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки Консепсияи миллии рушд таҳия шавад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили "Иди модар". Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи таҷлили Иди модар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мулоқоти анъанавии солонаашро бо зиёиёни кишвар дар “Кохи Наврӯз” анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Фурсати таҳияи Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 фаро расидааст, иброз дошт президент аснои суханрониаш дар мулоқот бо равшанфикрони Тоҷикистон. Дар ин бора сомонаи расмии райисҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Ба қавли президент, бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар замони таҳияи ин санад расидааст ва ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

"Консепсияи рушди миллии Тоҷикистон бояд бар пояи асли дунявият таҳия шавад ва "дар чунин ҳолат вазифаи зиёиён аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин консепсия принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд",- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар ин мулоқот аз адибони тоҷик интиқод кард, ки "адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият ҳанӯз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд".

Эмомали Раҳмон ҳамчунин хитоб ба адибони тоҷик гуфт,  "камбудиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хусусан гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва сабабҳои чунин тамоюли хатарнокро ошкор карда, оқибатҳои даҳшатбори онро ба оммаи васеъ фаҳмонед."

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

Ба ҷузъ ин, сарвари давлат дар суханрониаш аз иди Наврӯз ба ҳайси "ҷашни фарруху хусравонӣ" ситоиш кард ва гуфт, имсол дар канори Наврӯз 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори Шодмон низ таҷлил мешаванд. Ҷашни дигаре, ки раисиҷумҳур зикр кард, 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорист, ки мояи октябри соли 2015 бояд таҷлил шавад.

Президенти ҶТ ҳар сол дар остонаи Наврӯз бо зиёиён мулоқот доир мекунад. Дар арафаи Наврӯзи соли 2014 ин мулоқот дар бинои нави Осорхонаи миллӣ доир шуд. Имсол Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар Кохи Наврӯз, ки дар тирамоҳи соли 2014 ифтитоҳ ёфтааст, мулоқот кард.  

Лентаи хабарҳо
0