ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон 19 март оғоз шуда то 27 март идома меёбад, омадааст дар хабари КМИ кишвар, менависад РИА Новости.
Интихоботи гузашта раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар соли 2007 баргузор шуда буд ва тибқи натоиҷи он барои ҳафт сол Ислом Каримов президент интихоб шуд, ки аз соли 1989 раҳбарии кишварро бар ӯҳда дорад.
"Тибқи муқаррароти қонун овоздиҳии пеш аз мӯҳлат даҳ рӯз пеш ва то як рӯзи худи интихоб сурат мегирад", — омадааст дар хабар. Тибқи иттилоъи КМИ, интихобкунандагоне, ки дар рӯзи интихобот дар маҳалли иқомати худ қарор намегиранд аз ҳаққи овоздиҳии пеш аз мӯҳлат бархурдор ҳастанд.
Дар авосити моҳи феврал ҳар чаҳор ҳизби сиёсӣ, ки дар Ӯзбакистон расман сабти ном шудаанд, номзадҳои худро барои ин интихобот пешбарӣ карданд.
Раиси ҷумҳури феълӣ Каримов, узви ҷиноҳи ҳизби демократии "Миллий Тикланиш" дар порлумон Акмал Саидов, раиси шӯрои Марказии ҳизби Халқи демократӣ Ҳотамҷон Кетмонов ва раиси комитети иҷроияи ҳизби сотсила демократи "Адолат" Наримон Умаров номзадҳои интихобот шуданд.