ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ки дар куштори ҷавони бо духтараш ошиқ муттаҳам мешуд, ба 9 соли зиндон маҳкум гардид, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Додгоҳи шаҳри Исфара Бадриддин Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳро барои куштори Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, ки бо духтари ӯ дӯстӣ дошта ва мехостааст издивоҷ кунад, 9 сол ба зиндон фиристодааст. Ин куштор рӯзи 7 январи соли ҷорӣ дар манзили Бадриддин Шаропов иттифоқ уфтода, алайҳи ӯ бар асоси банди яки моддаи 104-и кодекси ҷиноӣ, яъне "одамкушӣ" парванда боз шуда буд.
Ба қавли Басирҷон Зарифов, падари Ҳизбаллоҳ, намояндаи додситонӣ барои Бадриддин Шаропов 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда, аммо додрас ба ӯ нӯҳ соли зиндонро раво дидааст. Зарифов мегӯяд, аз ин ҳукми додгоҳ ризо нест ва агар зарур шавад, барои талаби адлу адолат ба назди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳад рафт.
Наздикони ҷавони кушташуда мегӯянд, мақтул духтари Бадриддин Шароповро дӯст медошт ва бо ӯ оила барпо карданӣ буд.
Аммо хонаводаи духтар мухолифат нишон дода, билохира ин қазияи ошиқиро бо куштор анҷом доданд. Писарамро чанд дафъа латту кӯб карда буданд. Ба писарам гуфтанд, ки аз оилаи онҳо дурӣ ҷӯяд",- иброз доштааст падари Ҳизбаллоҳ.
Ба нақли ӯ, рӯзи 7 январи соли ҷорӣ Бадриддин Шаропов тариқи телефон писари ӯро ба хонаашон даъват карда, хостори суҳбати рӯ ба рӯ бо вай мешавад. Шаб, вақте писарам ба хонаи онҳо меравад, ӯро мезананд ва… мекушанд. Танҳо пагоҳ ба модараш хабар додаанд, ки ҷасади писарамонро омада аз мурдахона гиранд",- ба ёд меорад вай.
Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Бадриддин Шарипов аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд. Аммо волидайни ҷавон бар ин боваранд, ки писарашон ҳеч гуноҳе надошт ва қурбони ишқ шуд.