ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Корбарони низоми амалиётии ҷадиди Windows 10 аз наҳваи ҷадиди кори компютарии бо номи шартии Project Spartan истифода хоҳанд кард, менависад РИА Новости бо истинод ба расонаи интернетии The Verge.
"Ҳоло мо шакли тавлидоти ҷадиди худ ва ё номи низоми ҷадиди амалиёти компютерӣ дар Windows 10-ро меомузем. Мо Internet Explorer-ро ҳифз мекунем, вале ҳамзамон дар мо низоми ҷадиди амалиёти компютерии Project Spartan пайдо мешавад. Project Spartan исми шартӣ аст", — изҳор дошт мудири тиҷоратии Microsoft Крис Капосела дар ҳамоиши Microsoft Convergence.
Рӯшан нест, ки исми ниҳоии барномаи ҷадид чӣ мешавад, вале мусаллам аст, ки ширкат талош мекунад ки ҳар чӣ дуртар аз исми наҳваи қаблӣ Internet Explorer биравад. Вале эҳтимол меравад, ки дар номи ҷадиди наҳва калимаи Microsoft ҳифз мешавад. Тибқи назарсанҷии корбарони барномаи Chrome ҳузури исми ширкат дар номи барномаи ҷадидро бештари пурсидашудагон қобили қабул донистаанд, менависад The Verge.
Ҳазви барномаи Internet Explorer дар пайи талошҳои номуваффақи чанд соли ахири ширкати Microsoft барои ислоҳи тасаввури бад сурат мегирад.
Project Spartan барои фанновариҳои давраи ҷадид таҳия мешавад ва дар муқоъиса бо барномаи Internet Explorer сареъ ва хушоям мешавад ва аз он дар ҳамаи смартфонҳо, компютерҳои хусусӣ ва кӯчак истифода кардан имконпазир мешавад, зикр мекунад USA Today.
Барномаи Microsoft Internet Explorer 20 сол арзи ҳастӣ кард. То соли 2012 ба иттилоъи Statcounter вай барномаи саршиностарин буд. Вале сипас Google Chrome пешсаф шуд.